Вохӯрии судманд бо мутахассиси соҳа

Бо ташаббус ва даъвати кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерии факултети корҳои кӯҳӣ санаи 18-уми апрели соли 2023 геодезисти корхонаи ООО “ЭльКрас” – и шаҳри Ростови лаби Дони Федератсияи Россия Абдуғанӣ Набизода ҷиҳати баргузор намудани лексияи обзорӣ (тариқи ҳузурӣ) ба кафедраи болозикр ташриф овард.
Дар ин доира нахуст Абдуғанӣ Набизода аз таҷҳизотҳои геодезӣ – маркшейдерии таълимии кафедра дидан намуда, бо шароиту имкониятҳои таҳсили донишҷуёни ихтисоси корҳои маркшейдерӣ ва кадастри замин шинос гардид.
Сипас дар аудиторияи 312К – и кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ бо иштироки донишҷӯён ва омӯзгорони марбут ба кафедра лексияи обзорӣ (тариқи ҳузурӣ) дар мавзӯи “Геодезия ва дурнамои он” баргузор гардид.
Мутахассиси соҳаи геодезия Абдуғанӣ Набизода дар баромади худ оид ба мафҳумҳои геодезию маркшейдерӣ ва истифодаи таҷҳизотҳои муосир суҳбат намуда, изҳор намуд, ки барои мутахассиси соҳаи геодезӣ, маркшейдерӣ ва кадастри замин шудан бояд аз техника ва технологияҳои муосири соҳавиро аз худ намуд.
Ҳамчунин баромадкунанда қайд намуд, ки донишҷӯёни ихтисосҳои корҳои маркшейдерӣ ва кадастри заминро зарур аст, ки ба илму дониш руй оваранд, зеро он сарвати бебаҳост ва метавонад инсонро ба қуллаҳои баланди музаффарият расонда бошад. Аз ин рӯ ба хотири мутахассиси ҳирфаии соҳаи интихобнамудаи хеш гардидан бояд ҳарчӣ бештар донишҳои назариявии худро ба амалия пайваст намуд.
Донишҷуён бо шавқу рағбати зиёд ба мавзӯи лексияи обзорӣ (тариқи ҳузурӣ) таваҷҷуҳ зоҳир карда, суолҳои гуногун низ пешниҳод намуданд ва ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Дар охир Абдуғанӣ Набизода омодагии хешро ҷиҳати ҳамкории тарафайн бо кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ иброз дошта, қайд намуд, ки ташкил ва баргузор намудани чунин лексияҳои обзорӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш, истифодаи асбобҳои муосири геодезӣ ва ҳавасмандии мутахассисони ояндаи соҳаи кӯҳкории мамлакат ба омода намудани мутахассисони болаёқати ба бозори меҳнат рақобатпазир нақши муҳим мебозад.