Шанбегии умумӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба сазовор таҷлил намудани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ шанбегии умумӣ гузаронида шуд, ки дар он тамоми омӯзгорону кормандон ширкат варзиданд.
Дар ин рӯз ҳайати ҷамъомадагон гирду атрофи бино ва дигар гӯшаву канори донишкада, майдони Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳни ҳавлии Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстонро тозаву озода намуда, партовҳои зиёдатиро ҷамъоварӣ намуданд.
Ҳамчунин, кормандони донишкада хиёбонҳои марказии шаҳри Бӯстон ва наздик ба бинои донишкадаро низ рӯфтаву аз партовҳо пок намуданд, то дар рӯзи ҷашнгирии Иди Ғалаба сокинон ягон нороҳатие эҳсос накунанд.
Ба иттилои муовини ректор оид ба молия ва хоҷагидорӣ Ҷабборзода Муҳаммад дар саҳни хобгоҳҳо ва бинои факултети корҳои кӯҳӣ имрӯз аз ҷониби кормандони қисми хоҷагӣ гулҳои ороишӣ шинонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз корҳои созандагиву ободонӣ дар донишкада бо маром идома дошта, як қисми бино ва аллакай аз таъмири куллӣ бароварда шуд.

Шуъбаи иттилоот