ХУДФУРӮХТАГОН ҶУЗ ХИЁНАТ ДИГАР КОРЕ НАДОРАНД

Душманон ва нотавонбинони миллати тоҷик бо роҳбарии Кабирии пастфитрат ва террористи айёр имрӯзҳо аз сафари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангома сохта ҳар хел шарҳу тафсир мекунанд ин сафари ҳайати Тоҷикистонро ва боз бар замми ин хиёнатҳои худро фаромӯш карда, миллатро ба ҳамин васила гумроҳ кардани мешаванд, ки аз меъёри инсонӣ берун аст.

Онҳо бо фармони хоҷагони хориҷияш, ки чашми дидани муваффақиятҳои Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ надоранд, амал намуда, ҳар гунае, ки мехоҳанд бар зидди миллати тоҷик аз дур санг партофтанӣ мешаванд ва нашри матлабҳои гуногуни ин тоифаи бадкешу баднасаб дар сомонаҳои ТЭТ ҲНИ идомаи ҳамин хиёнатҳояшон мебошад.

Ба ҳама маълум аст, ки тайи чанд соли истиқлолияти кишвар сиёсати хориҷии давлат низ рушд намуда, ба сатҳи олии худ расид. Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 160 давлати ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намудааст, ки гувоҳ аз муваффақияти ин бахш мебошад.

Ҳамчунин мамлакати мо бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ дорад, ки ин ҳам бар нафъи миллати тоҷик мебошад ва фақат дар даврони Истиқлолият ба даст омадааст.

Рӯз аз рӯз сиёсати хориҷии  кишвар бо сарпарастии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда, мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баланд гардидаистодааст, ки хеле шоёни таҳсин аст.

Ҳоло барои беҳтар намудани фазои ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва тақвият бахшидани равобити давлат бо кишварҳои аврупоӣ Пешвои муаззами миллат ба Аврупо сафар намуданд ва аз ин сафар ҳатман масоили густариши ҳамкориҳо ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба соҳаи истеҳсолот ва иқтисодиёти кишвар матраҳ мегардад, ки бар манфиати миллат мебошад.

Лек нотавонбинон ва душманони миллати тоҷик мехоҳанд, ки ба ҳамаи ин дастовардҳои кишвар хат кашида, монеъи пешрафти кишвар гарданд. Аз ҳангомабарангезиҳои ин тоифаи террорист ва шайтонсифат маълум аст, ки онҳо мехоҳанд, то ҳамкориҳои Тоҷикистон бо давлатҳои аврупоӣ сард гардад. Зеро сард гардидани равобити Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ бар манфиати душманон ва хоинони миллати тоҷик аст.

Наҳзатиёни палид ва террорист хуб медонанд, ки дар сурати беҳтар гардидани шароити зиндагӣ ва равобити кишвар бо давлатҳои хориҷӣ онҳо наметавонанд, дигар бо дурӯғу иғвоҳову дасисабозиҳои худ миллатро гумроҳ намоянд ва аз ин лиҳоз кӯшиш мекунанд, то ба ҳама пешрафту муваффақиятҳои миллат халал расонанд.

Зеро ба ибораи дигар бигӯем ин наҳзатиҳои палид ҳаргиз аз рӯи инсонигарӣ рафтор намекунанд ва ҳамон гуна, ки ватанро фурӯхтанд, хешро низ ба савдо задаанд, ки ин хатари бузургест бар ҷомеаи башарӣ.

Меҳвар Абдусаломович

омӯзгори ДКМТ