ХОБГOҲ ВА МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИИ НАВТАЪМИР ДАР ДОНИШКАДАИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Бо шукргузорӣ аз истиқлолияти кишвар ва давом додани анъанаи неки сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни фархундаи 30-солагии истиқклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон корҳои ободонию барқарорсозии иншоотҳои таълимӣ-маишии дар ихтиёрдоштаи худро бо сифати баланд анҷом дод.

Дар маросими ботантанаи ба истифода додани хобгоҳ ва майдончаи варзишӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистрон  Нуриддини Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Бустон Раъно Ҳошимзода ва дигар гахсони расмӣ ҳузур доштанд.

Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон соли 2006 дар асоси базаи моддӣ-техникии собиқ Коллеҷи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Чкалови вилояти Суғд таъсис дода шуда, аз як бинои асосии таълимӣ, як хобгоҳи донишҷӯён, устохонаҳои таълимӣ, ду бинои садамавии хобгоҳҳои донишҷӯён ва кормандон ва як бинои ошхона иборат буд, ки солиёни дароз таъмирталаб  буданд.

Соли 2007 як хобгоҳи донишҷӯён аз таъмир бароварда шуда, ба истифодаи донишҷӯён дода шуда буд. Ва бо зиёд шудани нақшаи қабул эҳтиёҷи ба хобгоҳ таъмин намудани устодон ва донишҷӯёни донишкада бештар гардид.

Соли 2015 бинои собиқ хобгоҳи рақами дуи донишкада, ки беш аз 25 сол дар ҳолати садамавӣ бекор хобида буд, таъмир карда шуд ва барои истифодабарӣ дар раванди таълим бозсозӣ гардид. Ҳоло ин бинои собиқ хобгоҳ ба ҳайси бинои таълимии факултети корҳои кӯҳӣ, Институти Конфутсияи назди ДКМТ, марказҳои коргузории сохтори илм ва инноватсия, робитаҳои байналмилалӣ, маркази таъбу нашр, иттифоқи касаба, маркази ҷавонон, бахши рушди касбият ва каръера ва осорхонаи ДКМТ истифода бурда мешавад.

Боиси хурсандист, ки иқдоми навбати раёсати донишкада дар мавриди таъмиру тармими собиқ бинои хобгоҳи рақами се мебошад, ки беш аз сӣ сол пас аз заминларзаи соли 1989 дар ҳолати садамавӣ корношоям хобида буд. Ин бино бо маблағҳои дохилии фонди донишкада пурра аз нав таъмиру тармим карда шуда, шурӯъ аз моҳи сентябр барои истифода, ҳамчун хобгоҳ барои духтарон, аспирантон, магистрантон ва кормандону коргузорони донишкада дода мешавад. Хобгоҳ барои 300 нафар ҷои хоб муҳаё мекунад, ки дар беҳтарин шароитҳо зиндагӣ кунанд. Бино аз се ошёна иборат буда, ба ҷуз аз хонаҳои истиқоматӣ, ҳамчунин аз толорои қироатхона, ошхонаҳо, долонҳо, мабразгоҳ ва ҷойҳои шустушӯй иборат аст. Гирду атрофи ин бино дар масоҳати 1400 м2 сафолакпӯшӣ ва дар масоҳати 300 м2 битонпӯш карда шуда, дарахтону буттаҳои ороишӣ бо гулу зироатҳои ҳамешасабз ороиш дода шудаанд. Хати обу барқ пурра аз нав барқарор карда шудааст.

Президенти кишвар дар Паёми навбатиашон қайд карданд, ки таваҷҷуҳи Ҳукумат ба ҷавонон бо хотима ёфтани эълони соли 2017 – соли ҷавонон анҷом наёфта, минбаъд низ зиёд хоҳад шуд. Бо такя аз ин раҳнамоиҳо, раёсати донишкада комплекси варзишии калонеро мавриди истифода қарор хоҳад дод, ки он 2950 м2 иборат мебошад, аз ҷумла дар ҳудуди ин варзишгоҳ майдони ҳозиразамони футболи хурд бо руйпӯши сабзэлими сунъӣ, дар андозаи 40х40м, майдони баскетбол дар андозаи 14х26м, ду майдончаи волейбол дар андозаи 18х2 ва машқгоҳи атлетикӣ дар масоҳати 150 м2.

Ҳамчунин дар дохили бинои асосӣ, толори варзишии бисёрсоҳа мавриди истифода қарор дода шудааст, ки донишҷӯён ва устодони донишкада вобаста аз боду ҳаво ва намуди варзиш дар ин ҷойҳо машқҳои варзишӣ мегузаронанд.

Беҳтар намудани шароити таълим омили муҳими дастовардҳои тозаи илмӣ ва комёбиҳои варзишӣ мегардад.