“ХИЁНАТ” ЧАШМҲОРО БОЗ КАРД

Имрӯзҳо душманони миллати тоҷик, наҳзатиёни амрадгашта ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва фиреб додани насли ҷавон дар шабакаҳои интернет сомонаҳои ифротӣ кушода, ҳамарӯза ифротгароӣ ва чапгароиро тарғиб менамоянд, ки ин хеле зарарнок мебошад. Ҳарчанд гузаштаи дури наҳзатиён ҳам он қадар сафед нест ва аз моли таърих ба мо маълум мешавад, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ бар алайҳи миллат мубориза намуда, ҳамеша тарафдори аз байн рафтани мустақилият ва озодиҳоиҷомеаи Тоҷикистон будаанд. Ҳатто дар баромаду суханрониҳояшон наҳзатиён талош кардаанд, то  ҷомеаро гумроҳ намуда, мисли худашон муздури хоҷагони хориҷияшон созанд.  Як роҳи аслии фиреб ва найрангро наҳзатиён дар роҳи истифода аз дин дида, дар пасманзари дину мазҳаб ба хиёнаткориву ҷаҳолат пардохтаанд, ки аз нигоҳи аввал миллат ва ҷомеа инро сарфаҳм намерафт ва имрӯз хушбахтона аллакай фаҳмид, ки наҳзатиён кистанду барои камдом хоҷаи хориҷияшон ба хизмат гузаштаанд.

Имсолро метавон соли нек ва соли шинохт аз душманони миллати тоҷик номид, ки ин кор бо талоши аҳли зиё ва фарҳангиён ба вуқӯъ омад. Дар ҳақиқат заҳмат ва талоши кормандони “Тоҷикфилм” боиси сутудан ва аҳсанхонист. Филми ҳуҷҷатии нашрнамудаи киносозони тоҷик бо номи “Хиёнат” хеле санади муҳим ва хизмати бузург барои миллат мебошад. Созандагони филми мазкур талош кардаанд, то пардаро аз рӯйи сиёҳкорӣ, хиёнаткорӣ ва разолати наҳзатиён бардоранд, ки ин хеле қадами ҷиддӣ мебошад. Ва албатта мешавад ин амали киносози кишварро як роҳ барои шинохти душманони миллати тоҷик номид, ки воқеан ҳам як саҳифаи навро дар таъриз бозгӯ кард ва филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” худ як санади бузурги таърихӣ дар шинохти хоинони миллат мебошад.

Ҳоло дигар парда аз рӯйи он ҳама ҷиноятҳо ва хоиниҳои наҳзатиён бардошта шуд ва тамоми ҷаҳон дарк намуд, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ, яъне наҳзатиён душманони миллати тоҷик, душмани истиқлолияту сулҳ ва душмани тамоми тоҷикистониён будаанд.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ