ХИЁНАТ АМАЛИ НОБАХШИДАНИСТ!

Имрӯзхо таасуроти ҷомеа,хусусан насли ҷавон баъд аз тамошои филми хуҷатии “Хиёнат 1-2-3-4-5 ,ки дар он амалҳои зишткоронаи ҳизби  мамнӯъгардидаи наҳзати ислом инъикос ёфтааст хеле дигаргун гардидааст.Дар ин филм бо далелу бурҳонҳои қотеъ,амалҳои хиёнаткоронаи ин душманони миллат нишон дода шудаанд.

Насли имрӯз огоҳ гардид,ки фаъолон,пешвоён ва ҳаммаслакони ин ҳаракати иртиҷои ба сари мардуми тоҷик чи даҳшату кулфатҳоеро оварданд.Онҳо сабабгори асосии барангезандаи оташи ҷанги шаҳрванди буданд.Бо суханҳои пучу ваъдаҳои хеле зиёд одамонро гумроҳ намуда,мехостанд сафи худро зиёд намоянд.Бо мисолҳои сохтани ҷомеаи исломй мардумро гумроҳ сохта ҷангро оғоз намуданд.

Таъкид кардан зарур аст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ  дар он солҳои мудҳиш ба куштори бераҳмонаи равшанфикрон ва аҳли зиё пардохта буданду бештар олимон ва шахсони номварро ба қатл мерасониданд. Яке аз амалҳои зишти онҳо ба мисли гаравгонгири, ғоратгари, қатл, куштор, сӯзонидани валангор кардан буд,ки ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мо таъсири манфӣ расонд.

Ҳар як шахсе, ки ин филмро тамошо намуд, бори дигар шоҳиди он гашт, ки ин гурӯҳҳои манфиатҳои чи нияту мақсадҳои нопок доштан?

Хушбахтона хиради воло ғалаба кард.

Дар осмони софи давлатдории мо ситорае намудор гардид,ки бо нуру зиёи худ мардуми парешонгаштаю офиатзадаро сарҷамъу муттаҳид намуд.

Ин родмарди ватан пешвои маҳбуби мо Роҳбари муаззами  давлат  мебошанд.

Имрӯзҳо моро зарур аст,ки инрӯзро дар рӯҳияи садоқат ба ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, хештаншиносию худогоҳӣ тарбия намоем.

 

Саидов А.А.

муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети электромеханика