ХИШТИ АВВАЛ ЧУН НИҲАД МЕЪМОР КАҶ…

Кабиров Мухиддин Тиллоевич бо тахаллуси «Мухиддин Кабирӣ», соли 1965 дар нохияи зебоманзари Файзобод дар оилаи бобои Тилло чашм ба холати хасти намуда, баъди хатми синфи 8-уми зодгохаш ба коллечи омори ш.Вахдат дохил шуда, онро соли 1983 ба итмом расондааст. Баъди хатми коллеч ба сафи артиши собик ИЧШС даъват гардида, то соли 1985 хизмати аскариро ба ҷо овардааст. Сипас, ба Донишгохи Миллии Точикистон дохил шуда, дар факултаи шаркшиносӣ тахсил намуда, сохиби маълумоти олӣ гаштааст.

Бояд кайд кард, ки М.Кабирӣ ва ё Кабиров Мухиддин Тиллоевич хангоми дар колечи омории ш.Вахдат тахсил карданаш зери таваччухи оилаи Турачонзодахо, аслан Хочи Акбар Турачонзода карор гирифта, барои идомаи тахсил ба давлати арабии Яман, ш.Сана, ки аслан салафихои дар Точикистон фаъолиятбаранда махз таълимгирандагони мадрасахои ин кишвар хастанд, сафар намудааст.

Пас аз бозгашт ба Ватан акидахои М.Кабири тамоман тагйир ёфта, дар рафтору гуфтор ва идеологияи динии у шубхахо пайдо шуданд. Мухиддин Кабири бо дастури Хочи Акбар Турачонзода дар зодгохаш ба ш.Вахдат (собик Орчоникидзеобод) ба таргибу ташвикоти идеологияи динӣ огоз карда, хамин тарик бо равшанфикрони ХНИ алока барпо кардааст. Бо суханронихои худ М.Кабири дар дили мархум С.А.Нури чой гирифта, номзадии у хамчун шахси сиёсатмадор аз лихози дини Ислом, ба вазифаи мушовири сиёсии С.А.Нури пешбари карда шуда буд.

Хангоми огози чанги шахрванди М.Кабирӣ бо бахонаи тахсил дар академияи дипломатии ФР ба ш.Маскав фирор намуда, аз мавкеи хорич фаъолияти ХНИ-ро хамчун мушовир пеш мебурд.

Мохи июни соли 1997 пас аз бастани созишномаи истикрори сулх, М.Кабири бо даъвати С.А.Нурӣ ба Точикистон баргашта, дар ҲНИ ба вазифаи муовинии Раиси ҲНИ комёб гардид.

Мухиддин Кабири, ки мактаби дипломатиро ба хуби нагузаштааст, худро дар назди хайати одамон хамчун дипломат пиндошта, акидахои мазхаби динии ба мо бегонаро ахён ахён баён медошт. У худро хамчун дипломат вонамуд карда, гуё ХНИ аз нуктаи назари сиёси фаъолият бурда истода бошад. Аммо дар асл ниятхои ин хизб хамчун хизби исломи, барпо кардани давлати исломӣ дар Точикистон буд. Чунки М.Кабири ва дигар пешвоёни ин хизб хама дар давлатхои исломи таълимоти дини гирифта, дастуру супоришхои хочагони хоричиашонро ичро мекарданд.

Хонандаи гироми худ казоват кунед, ки имруз М.Кабири дар кучо ва ба чи кор машгул аст. М.Кабири бар зидди Ватани худ, ки имруз бо кирдорхои нобахшиданиаш бе Ватан гаштааст, дар дил чи ниятхо ва гаразхо дорад. Магар корхое, ки М.Кабири ва устодонаш С.А.Нури, Химматзодаву Акбари Турачонзода ва дигарон дар солхои 1992 ба сари марудми точик оварда буданд, басанда нест. Имруз М.Кабири боз мехохад, ки Точикистон дар вартаи хун кашида шавад. Боз дар чашмони модари точик ашк ҷори бошад. Боз модари точик дар хасрати фарзанд сузад. Боз модари точик ва фарзандонаш дар мулки бегонахо гариб шавад……

Мухиддин Кабири, ки худ аз аввал дар мактаби зидди Точикистон ва конунхои чории он тахсил кардааст, то ба хол мехохад, ки Точикистон ба мисли Яман ва ё Эрон бошад. У инро аз аввал мехост. Гуфтан мумкин аст, ки Мухиддин Кабири ва дигар хаммаслаконаш мактаби «ДИИШ»-ро хануз дар солхои то 90-уми асри 20, гузаштаанд. Он амалхои дахшатоваре, ки имруз аз тарафи аъзоёни «ДИИШ» ба вукуъ мепайванданд, мо бараъло аз оинаи нилгун тамошо мекунем ва ангушти хайрат мегазем.

Ҷоиз ба кайд аст, ки ҲНИ бо сафарбар намудани Мухиддин Кабирӣ ба давлатхои исломи, ки дар ончо тахсил намудааст, кайхо тухми кинаю адоват ва бадхохиро ҷой кардаанд. Аммо, меъморе, ки хишти аввалро кач гузошта, окибат девор чаппа мешавад, М.Кабири низ ба мисли хамон девори кач хеч гох ба максадхои гаразноки худ намерасад. Мардуми Точикстон имрузхо хушёру зирак шуда, аз ниятхои гаразноки ХНИ ва М.Кабири ба хуби бархурдоранд.

 

                                                                   Шуъбаи иттилотии ДКМТ