ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ “ХИЁНАТ 4” МӮҲРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИИ НАҲЗАТИЁНРО ИФШО СОХТ

дар ҳошияи филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” қисми 4

Дар филми «Хиёнат 4» он ҳодисаҳои нангин ва даҳшатҳои наҳзатиёни палид ва манфур аз забони шоҳидони ҳол гуфта шудааст, ки бисёр ҳам ҳолати вазнин мебошад. Он рӯзҳои вазнин ва сангини солҳои 90-уми асри гузашта, ки роҳбар ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ бар сари миллат оварда буданд, бисёр ҳам айёми талх ва хунин буд ва он чӣ шоҳидони ҳаводиси он солҳо дар филми “Хиёнат 4” иброз медоранд, порае аз он таърихи хунини миллат мебошад.

Зеро наҳзатиён ба ҳар шевае, ки хостаанд ба поймолкунии ҳуқуқи шаҳрвандон пардохтаанд, ки ин бисёр ҳам амали нангин ва нобахшиданӣ  мебошад. Ҳақиқате, ки ҳоло дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат 4 ” манзури бинанда гардонида шудааст, воқеан ҳам касро ба гӯшаи хаёлот мебарад, ки чаро инсон аз барои пул ва мол ин қадар ҳарисӣ мекунад?

Наход наҳзатиёнро одам назода бошад, ки ҳамон пандномаи “бани одам аъзои якдигар аст”-ро фаромӯш карда бошанд?

Чаро аъзоёни ТТЭ ҲНИ, яъне ҳамон наҳзатиён даст ба қатли оми шаҳрвандони бегуноҳ задаанд?

Ҳадафи наҳзатиён аз қатли шаҳрвандони бегуноҳ дар чӣ буд?

Оё мешавад, ки инсон таваллуд шуду хоин ва ҳайвонсират фавтид?

Филми “Хиёнат 4” ин навбат он ҳама нуктаҳои ниҳон ва нофаҳморо барои миллат ошкор намуд ва маълум гардид, ки наҳзатиён кистанду барои кӣ фаъолият мебаранд. Ҳатто дар навори кӯҳнаи суханронии мушовири раиси ТТЭ ҲНИ мушоҳида мешавад, ки бо намояндаи кадом давлати хориҷӣ тамос мегирадумаслиҳат мепурсад. Пас чаро тоҷик худро ғуломи аҷнабӣ сохтааст?

Аслан, ин суол шояд иштибоҳи маҳз бошад, зеро ин наҳзатиён террорист ҳастанд ва ин террористон асло ба миллати тоҷик дахл надоранд ва онҳоро тоҷик гуфтан ҳам хатои маҳз мебошад. Зеро миллати тоҷик ҳаргиз  ба хато роҳ надодааст ва ҳаргиз ба чунин хиёнате даст намезанад ва ин наҳзатиёни муздур ва манқурт асло тоҷик ҳам нестанду ба тоҷикият ҳам ҳамроҳ намешаванд. Наҳзатиёнро пас аз ин мешавад ба як хулоса гуфт, душмани тоҷику тоҷикистонӣ!

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ