Универсиадаи патентии Авруосиёгӣ

Бахшида ба 25-солагии идораи патентии Авруосиёгӣ (ИПАО) универсиадаи патентии авруосиёгӣ таҳти унвони “Назар ба оянда” аз тарафи ташкилоти мазкур баргузор мегардад. Барои иштирок дар универсиада толибилмони муассисаҳои таълимӣ ва дигар шахсони ҳавасманди синну соли аз 18 то 25 сола даъват карда мешаванд.

Универсиада дар шакли озмуни корҳои эҷодӣ (корҳое, ки дар он натиҷаҳои эҷодиёти илмӣ-техникӣ пешниҳод карда мешаванд) дар мавзӯъҳои зерин баргузор мешавад:

  • “Мо насли Тесла Н. ҳастем. Тамоми қонунҳои табиат дар дасти мост”;
  • “Мо насли Менделеев Д. ҳастем. Каме афсунгарӣ менамоем? Бале! Ва давомнокии умрро зиёд хоҳем кард!”;
  • “Мо насли Авитсенна (Ибни Сино) ҳастем. Ҷилди шашуми китоби “Қонуни тиб”-ро эҷод намуда истодаем!”;
  • “Мо насли А. Гаудӣ ҳастем. Чӣ гуна аст он, шаҳри фардо?”;
  • “Ҳамеша дар тамос-якҷоя таҳсил мекунем, якҷоя истироҳат менамоем. Низоми таълими фосилавӣ ва истироҳати интерактивӣ”;
  • “Масофаи иҷтимоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ-роҳҳои нави таъмини алоқаи бехатар дар ҷаҳони муосир”;
  • “Муҳофизат аз вирусҳо-душман намегузарад! Низомҳои муҳофизати шахсӣ барои табибон ва беморон аз сироят”;
  • “Тезтар, баландтар, қавитар ва … наздиктар! Дастгоҳҳо ва системаҳои инноватсионӣ барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани бадан дар шароити пандемия”.

Кори эҷодӣ ё лоиҳаи эҷодиро ҳам иштирокчии алоҳидаи Универсиада ҳамчунин гурӯҳи иштирокчиён мустақилона ё бо роҳбари илмӣ иҷро карда метавонанд. Забони корӣ: русӣ ва англисӣ.

Муҳлати фиристодани корҳои эҷодӣ ба ИПАО: аз 15 октябри соли 2020 то 28 феврали соли 2021. Якҷоя бо корҳои эҷодӣ (лоиҳаи эҷодӣ) ариза барои иштирок дар Универсиада ба ИПАО фиристода мешавад. Натиҷаҳои Универсиада то 31 марти соли 2021 интишор мегарданд.

Шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати дурусти ҳуҷҷатгузорӣ ва пешниҳоди кори эҷодӣ ва маводҳои ба он замимашуда мусоидат менамояд. Корҳои эҷодии худро ба шуъбаи илм ва инноватсияи донишкада ирсол намоед.

Ҳамоҳангсози Универсиада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” мебошад.

 

сардори шуъбаи илм ва инноватсия

Шербоев М.А.