ТЭТ ҲНИ ОЯНДА НАДОРАД

Воқеан ҳам, дар ҳаёт  барои баъзе касу баъзе чизҳо дар ҳайрат мемонам, ки чаро аз ақли солими хеш истифода бурда наметавонанд, модоме, ки эшон чунин рафтор мекунанд, ба маъное ақли онҳоро бо ҳар гуна дасисиаҳо медузданд. Мақсуд аз ин гуфтаҳо он аст, ки ислом гуфта ба суханони дурӯғу бемантиқ бовари ҳосил менамоянд, гӯё бар он ақидаҳое, ки вақте ислом аст, албатта ҳақиқат доранд, бале чунин афкор дар гузаштагонамон буд, аммо як дафъа худ қазоват намоед, ки имрӯзиён, ба ҷои ин ки номбардори аҷдодонамон бошанд, баръакси ҳолат ислом гуфта бо ниқоби иблиси хеш қариб тамоми мардуми ҷаҳонро ба по хезонида истодаанд. Дар оғози соҳибистиқлолии кишвар бо иғвову дасисаи баъзе аз душманони Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандцӣ кашида шуд ва оқибатҳои ин ҷанги нангинро мо то ба ҳанӯз эҳсос менамоем. Хушбахтона, мо имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Ва ин албатта ифтихори мо ҷавонон аст, ки барои мо имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бояд зикр намоям, ки як қатра хуни бегуноҳ рехтаи мардум ягон мақсадро асоснок карда  наметавонад, ки имрўз М.Кабирӣ мардумро ба ин роҳ барад. Роҳе, ки оқибаташ марги бешарафона асту бас. Коре, ки на аз рўи одоби инсон асту на аз рўи қонунияти ислому қуръон. Дар асл ба шумо М. Кабирӣ, мегўям, ки ин ҳама изҳроти шумо ва зердастону ҳамсафонатон чи маънои томе дорад ё надорад, бемантиқ аст, зеро ин аз рўӣ мардигари нест, ки зўру тавони хешро дар паси хоҷагони беруна бинед. Бояд инро донед, ки чи тавре намояндагонатон оҳиста оҳиста хатогии хешро фаҳмида истодаанд, фардо шумо танҳо мемонед.  Инро донед, ки шумо ва аъзоёнатон барои кадом ваъдаҳои бардурўғи он хоҷагонатон бовар намуда, вазъи миллати моро нотинҷ карданӣ ҳастед. Барои қатъ шудани фаъолияти ҳизбиатон худатон гунаҳкореду ақлу ҳуши пулпарастиатон, ки якбора фаъолияти хешро дигар намуда аз паи хоҷагони эронии худ шудед. Ташкилотеро созмон додед, ки терористону ифротгароёнро ба ҳам мутаҳҳид сохт ва инро албатта медонем, ки ин бо хоҳиши фармондеҳони шумо оғоз гардид. Чӣ магар ба қувваю заковати худ боварӣ надоред, ки фармонбардору мутакои хоҷагони давлатҳои ҷангзада гаштед. Акнун кирдори ноадолатонаи худатон бас нест, ки мардуми моро ба ташкилоти терористиву экстремистиатон ташвиқу тарғиб намуда истодаед. Боз даъвои онро доред, ки қоидаҳои дохили мамлакатро маҳкум мекунед. Ҳоло ин салоҳиятро касе ба шумо надодааст.

Умедворам, Истиқлолияти моро касе  халалдор карда наметавонад. Муҳим  эътимод ба ояндаи дурахшони Вата наст.

Ӌонибеки ӌаббор, донишӌуи соли чоруми факултети корҳои куҳӣ

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

нуҳ + 11 =