ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ- ДОҒИ ИМРӮЗАИ ҶОМЕА

Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар тащдидщои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии кишвар мебошад.

Тоҷикистон низ яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, соли 2016 бо Фармони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстризм ва тероризм барои солҳои 2016-2020 тасдиқ гардид ва он самтҳои асосии  сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстримизм ва тероризм муайян менамояд.

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд:”Терроризм, дин, миллат ва Ватан налорад”. Баъзе ҷавонон бо сабаби ноогоҳии сиёсӣ ва надонистани ҳуввияти милливу эҳсоси ватандӯстию инсондӯстӣ оқибати рафтори худро дарк накарда, ба ин роҳ мераванд ва ба Ватану миллат хиёнат мекунанд.

Мувофиқи нишондодҳо дар натиҷаи сӯистифода аз дин ва озодиҳои динӣ тадриҷан зиёдшавии экстремизми исломӣ ба назар мерасад. Ифротгароёну террористон, ки бо шиорҳои динӣ по ба майдони сиёсат гузоштаанд, аз ҳама беш мафкураи ҷавононро ба нишон гирифтаанд. Зеро медонанд, ки ҷавонон дар ҳар ҷомеа нерӯи асосӣ ва имрӯзу ояндаи давлат ба шумор мераванд.

Ба ҳар як шахси хирадманд маълум аст, ки маҳз дар шароити соҳибистиқлолии кишварамон масҷидҳои зиёде сохта шудаанд. Уламои динро лозим аст, ки шукри инро ба ҷо оварда, дар амру маъруфхои худ бештар оид ба ватандӯстию инсондӯстӣ сухан кунанд.

Барои баҳои холисона додан инсон бояд воқеъбин ва боинсоф бощад. Дар бораи одамони аз инсофу ислом дур Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чунин мегӯяд:

                 Ҳазор сол роҳ аст аз ту то мусулмонӣ,

                 Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.

Ассистенти кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои

                                 хориҷии ДКМТ

                                 Нурматова М.Р.