ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ- ВАБОИ АСРИ ҶОМЕАИ ИМРӮЗА

Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст, терроризми байналмиллалӣ мебошад. Истилоҳи террор аз вожаи лотинии  «terror» баромада дар забони тоҷикӣ мазмунан маънои тарс, даҳшат, ҳаросро ифода мекунад.Дар байни муҳаққиқон оид ба замони пайдоиши терроризм гуногунақидагӣ ҷой дорад.Онҳое, ки ҳама гуна куштори сиёсиро чун терроризм эътироф менамояд, дар асоси ин маҳак онро ба замони атиқа марбут медонанд.(У.Пакер) Гурӯҳи дигар террориризмро зуҳуроти охири асри ХХ медонанд. (И.Александер).

Таърихнигори фаронсавӣ М.Ферро терроризмро бо фаъолияти махфии исмоилиҳо дар асрҳои 11-12 алоқаманд медонад. Н.Неймарк бошад, пайдоиши ин зуҳуротро ба давраи пас аз истилоҳи наполеонӣ вобаста медонад.

             Дар асрҳои миёна ташкилоти террористие, ки дар инкишофи тактикати пинҳонкоӣ, диверсия ва истифодаи зӯроварӣ чун воситаи иҷрои мақсад нақши бориз гузоштааст, ин созмони асасниҳо мебошад.

Сиёсатшиносон терроризмро дар замони нав ва навтарин ба чор ҷараён ҷудо менамоянд:

  1. Дар робита бо паҳншавии идеяҳои инқилобӣ ки солҳои 1880-ум дар Русия, Аврупо ва баъдан дар Амрикои Шимолӣ ба миён омадааст.
  2. Дар робита бо ҳаракатҳои зиддимустамликавии миллӣ озодихоҳии (асри ХХ)
  3. Дар робита бо фаъолияти «чапҳои нав» дар солҳои 1970-ум
  4. Дар алоқамандӣ бо глобализатсия, ки дар охири солҳои 70-ум ба миён омада то имрӯз идома дорад (масалан, терроризми динии муосир).

Дар замони муосир ин падида ҳамчун хатари умумиҷаҳонӣ дониста мешавад ва танҳо бо мутаҳидии тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба ин падидаи манфур мубориза бурдан имкон дорад. Бисёрӣ аз таҳлилгарон онро бо исломи радикалӣ, фундаменталӣ мепайванданд, ки мақсади онҳоро барҳамдиҳии давлатҳо дунявӣ ва исломие, ки ба андешаи онҳо бо ном исломианд, инчунин тамаддунҳои зеҳние, ки дар бунёди хилофати исломӣ монеъ мешаванд. Воқеан, хушунати экстремизм ва терроризм сол то сол боз ҳам васеътар гардида, дар аксар мавридҳо инкишофи ин зуҳурот аз ҷониби гуруҳҳои ифротгаро бо истифода аз эътиқоди динии аҳолӣ ва номукаммал будани дониши динии ҷавонон ба амал бароварда мешавад.

                  Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таьдид карда, барои башарият хатар ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром барои манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.

        Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди равандҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои муосир дар минтақа дар сафи пеш қарор дорад.Ҳукумати кишварамон барои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм «Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар р зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020»-ро тасдиқ кард, ки бар асоси он мубориза бар зидди ифротгароӣ ва зӯроварӣ пурзӯр карда мешавад.Ҳар фарди кишвар, аз он ҷумла ҷавонон бояд ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва истиқлолияти ватани азизамонро ҳамаҷониба қадр намуда, ба арзишҳои муқаддас арҷ гузоранд.

 

 

                                                                                   Юнусов Музаффар, профессори кафедраи экологияи ДКМТ      

                                                                                  Абдуллоева Тахмина, ассистенти кафедраи экологияи ДКМТ