Ташрифи довталабон аз мактаби рақами 7- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Имрӯз ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 32 нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо 3 нафар омӯзгорони фанҳои физика ва химияи ҳамин муассиса ташриф оварда аз шароити таҳсил, иқтидори базаи моддӣ-техникӣ, озмоишгоҳҳои муосир, кори таҷҳизоти навтарин дар донишкада шинос шуданд.

Ҳамчунин, хатмкунандагон аз китобхонаи илмӣ- электронӣ ва Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ дидан намуда, бо шароит ва имконияти мавҷуда шинос гардиданд. Дар Донишкадаи Конфутсий аз ҷониби омӯзгорони забони чиноӣ ба довталабон дарси кушоди забони чиноӣ ташкил карда шуд.