Боздиди ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз озмоишгоҳи таҳлили микробиологӣ

Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз озмоишгоҳи таҳлили микробиологии кафедраи фанҳои табиӣ- илмии донишкада боздид ба амал овард.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро мудири кафедраи мазкур бо шароит ва имконияти озмоишгоҳи навтаъсис шинос намуда, ҷараёни корро шарҳ дод.
Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар донишкада 4 озмоишгоҳ аз сари нав таъмиру таҷдид карда шуд.