Табрикоти ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ бахшида ба рӯзи металлургҳо

Хушбахтона, имрӯз бо шарофати истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми соҳаҳои саноати кишвар рушду тараққӣ намуда истодааст, ки ин натиҷаи назаррас мебошад.
Имрӯзҳо, бо шарофати дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи саноати кишвар хеле рушд намуда, имкониятҳои истеҳсолӣ бештар гардид. Дар ин росто соҳаи металлургия низ хеле рушд намуда, ҳиссаи худро дар рушди иқтисодиёти ватанӣ мегузорад.
Аз ин лиҳоз тамоми кормандони бахши металлургияро, ки ҳамасола рӯзи якшанбеи ҳафтаи сеюми моҳи июл рӯзи касбияшонро таҷлил менамоянд, табрику таҳният гуфта, барояшон муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям.
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни металлургия низ саҳми беандоза дорад, ки дар ин лаҳза омӯзгоронро, ки барои омода гардидани мутахассисони варзида талош менамоянду саҳмгузорӣ мекунанд, табрик мекунем.
Бори дигар ҳама мутахассисони соҳаи металлургияро ба Рӯзи касбияшон табрик намуда, ба ҳама муваффақияти беназирро таманно менамоям.
Рӯзи касбӣ муборак бошад, металлургҳои гиромӣ !

Бо эҳтироми беандоза,
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ