Қадршиносии раиси ноҳияи Мастчоҳ аз корманди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Неъмат Салимзода

11-уми март бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик аз тарафи Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода як қатор рӯзноманигорону эҷодкорон қадрдонӣ карда шуданд.

Аз ҷумла, бахшида ба 111 – солагии нахустин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои Шариф” ва Рӯзи матбуоти тоҷик Неъмат Салимзода масъули китобхонаи электронии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамар дар самти тарғиби дастовардҳои шоистаи даврони соҳибистиқлолӣ, инъикоси воқеъбинонаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ва нақши арзанда дар рушди воситаҳои ахбори омма бо Сипосномаи раиси ноҳия сарфароз гардонида шуд.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода зимни баромади худ  бо таваҷҷуҳ ба рисолати имрӯзи матбуот ва хидматҳои шоистаи рӯзноманигорон арз намуд, ки васоити ахбори умум дар ҳама давру замон на танҳо яке аз ниҳоди қавии созандагии фарҳанги сиёсӣ ва тафаккури аҳли ҷомеа буд, балки ба унвони муассиртарин василаи ҳидояти ҷомеа барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ нақши боризи худро гузоштаанд.

Зикр гардид, ки ҷиҳати пешрафти ҳамаҷонибаи воситаҳои ахбори омма ва қадрдонии аҳли қаламу матбуот мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми тадбирҳои имконпазирро равона менамояд.