СОМОНАҲОИ ТЕРРОРИСТӢ-ИФРОТӢ МАНЪ КАРДА ШУДАНД!

Имрӯзҳо дар ҷаҳон вазъияти ахлоқӣ ва риояи амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи онҳо аз ҳамлаҳои мағзии ифротӣ хеле мушкил гардидааст, ки ҳатто давлатҳои абарқудрати ҷаҳон низ наметавонанд барои сокинонашон кафолати ҳаматарафа диҳанд.

Ҳоло шабакаи ҷаҳонии интернет хеле рушд кардааст ва имкониятҳои зиёде барои боз намудани саҳифаҳои гуногунро додааст, ки аз ин тамоми гурӯҳҳо ба манфиати худ истифода менамоянд ва талош мекунанд, ки ҳама барномаҳои ифротии худро низ баъзе ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ тариқи интернет ба ҷомеа ироа созанд ва ин як навъ шакли нави корбарии ин гурӯҳҳост.

Онон нахуст бо рамзҳои гуногун ба боварии мардум даромада, сипас ба нашри матлабҳои иғвобарангезу фитнаангез мепардозанд, ки аз ҷониби фанатҳо ё худ ҳамон мағзшӯишудаҳо мавриди истиқболи хуш қарор мегирад ва ҷавонони ноогоҳ бехабар аз воқеияти ҳол ба ин сомонаҳо сар мезананд ва дар ниҳоят ба як мушкилии бузург, яъне фанатизм вомехӯранд, ки асло аз он халос шудан имкон надорад, албатта барои баъзеҳо.

Ҳоло аъзоёни ташкилотҳои террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом ва Паймони миллӣ дар хориҷ аз кишвар қарор гирифта, бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранд ва ҳамеша талош менамоянд, ки бо роҳҳои гуногун мафкураи ҷавононро вайрон намоянд ва онҳоро ба роҳгумӣ баранд, ки ин хиёнати бузурги хоинони бадкеш бар миллат  аст.

Ҳамакнун сомонаҳои таъсисдодаи хоинони бадкеши миллат дар хориҷ аз кишвар барои тарғиби ғояҳои ифротӣ ва террористӣ машғул буда, ҳамеша барои гумроҳ намудани ҷавонон ба эҷоди қиссаву матлабҳои бардурӯғ пардохтаанд, ки ин ҳам як роҳи шайтонии ин хоинони миллат аст.

Ҳамаи ин хиёнатҳо ва матлабҳои бардурӯғи сомонаҳои ифротии ин ташкилотҳои террористӣ-экстремистиро ба инобат гирифта, “прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бастани сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru») дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манъи воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардааст”, ки ин ҳам барои наҷоти шаҳрвандон аз ғояҳои ифротӣ-террористӣ мебошад.

Ҳамчунин тибқи ахбори АМИТ “Ховар” омадааст, ки “ Аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди Олӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо ҳалномаи Суди  Олӣ аз 18 феврали соли 2020  қонеъ  карда шудааст.

Дар асоси ҳалномаи Суди Олӣ сомонаҳои интернетии www.akhbor.com  ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru»), ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «Ҳизби Наҳзати Ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Ҳалномаи Суди Олӣ 19 марти соли 2020 эътибори қонунӣ пайдо кардааст».

Ин сомонаҳо воқеан ҳам ифротӣ буда, барои ташкилотҳои террористӣ мадад менамоянд ва ахбори ин ташкилотҳои ифротиро ба нашр мерасонанд, ки ин бисёр ҳам ғайри қобили қабул аст ва расонаи иттилоотӣ набояд  бар зарари ҷомеа кор кунад, ин ки ин ду сомона анҷом медиҳанд, як хиёнати бузург бар башарият аст.

Аз ин рӯ, баста шудан ва манъи ин сомонаҳои ифротиро дар қаламрави кишвар фоли нек ҳисобида, амри заруриву муҳим ва беҳтарин иқдом мешуморем.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ