Рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои калидии стратегии давлат мебошад. Бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар устуворона ба роҳи трансформатсияи рақамӣ, таҳкими потенсиали илмӣ-техникӣ ва тайёр кардани насли нави муҳандисон ва муҳаққиқон қадам мегузорад.
Дар ин замина Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, дар назди донишкада факултети «Зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав» бо фармоиши ректор №81-ҲҚ аз 20.09.2025 таъсис дода шуд.
Дар оянда Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, ба таври саривақтӣ посух додан ҳамкориҳои ҷаҳонӣ, равандҳои таълимии муосир, таъсиси лабораторияҳои инноватсионӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва фароҳам овардан барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи зеҳни сунъӣ, робототехника, технологияҳои рақамӣ ва амнияти киберӣ амали мезозанд.
Ин дастовардҳои дар боло зикргардида саҳми арзанда дар амалисозии «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даврҳои то соли 2040» ва ташаккули иқтисоди рақамии муосири кишвар мебошанд.
Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ
аъзои вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон
доктори илмҳои иқтисодӣ., профессор
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
