РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ НАМУНАИ ОЛИИ ҶАВОНОНИ СИЁСАТМАДОР

Аслан дунёро инсонҳое беҳтар месозанд, ки  нияти нек ва чашми некбин доранд. Дунёро нафароне сиёҳ мебинанд, ки қудрати дидани сафедро надоранд ва хушбин нестанд.  Ягон қуввае ба ҷуз некӣ наметавонад муваффақ шавад. Ва ҳар касеро муваффақияте даст додааст, ҳатман ин муваффақият аз дилу нияти неки вай ба даст афтодааст.

Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе ва аз сиёсатмадорони ҷавони кишвар, ки акнун ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ интихоб гардиданд, гумону тахминҳои зиёдеро дар миёни мухолифин ва бадхоҳон ба бор овард. Аз ҷумла мухолифинеро, ки дар хориҷ аз кишвар гуреза ҳастанд, интихоби рустами Эмомалӣ аз ҷониби вакилон ба ҳайрат овард. Мухолифини гуреза ё худ дар ба дар, ки акнун дили сиёҳашон пур аз хуни бадбинист, аз ҳасрат ва бахилӣ қариб аст, ҷон диҳанд.

Зеро интихоби Рустами Эмомалӣ онҳоро хеле нороҳат намудааст. Чунки рустами Эмомалӣ аз зумраи ҷавононе ҳаст, ки тавонист дар як муддати кӯтоҳ бо малакаву маҳорати баланди корбарӣ симои пойтахти мамлакатро иваз намояд ва бисёре аз сохторҳоро таҷдид намояд, ки ин на ба ҳар кас даст медиҳад.

Инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки Рустами Эмомалӣ аз мактаби бузурги сиёсии Пешвои муаззами  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаштаанд, ки ин як мактаби бузурги роҳбарист.

Ҳоло, ки мухолифон сафсата мехонанд, ин аз абдхоҳиву бадбинии онҳост. Зеро ягон душмани миллат ҷавони ватандӯст ва миллатпарварро, ки баҳри созандагиву ободкорӣ камар мебандад намехоҳанд ва ҳамин аст, ки фарзанди асили миллат муҳтарам Рустами Эмомалиро ҳам онҳо дидан намехоҳанд. Зеро Рустами Эмомалӣ ба мардум саодат меорад ва барои ободии кишвар талош менамояд, ки ин ҳолат бар душманони миллат хуш намеояд.

Ҷомеаи Тоҷикистон интихоби Рустами Эмомалиро ба ҳайси Раиси нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хуш пазируфтанд ва ҳатто ба завқ омада таронаву суруд ҳам эҷод намуданд, фарҳангиёни кишвар.

Яке аз фарҳангиёни кишвар дар ҷое чунин нигоштааст:

Баҳри ҳифзи Миллати пуршони мо,
Дар дифои нангу ному ҷони мо
Бош, мисли Рустами Дастони мо,
Рустами Эмомалӣ Раҳмони мо!

Яъне, ин ҷо ҷомеа ба Рустами Эмомалӣ ҳамчун идомадиҳандаи мактаби Пешвои муаззами миллат боварии калон доранд ва аз эшон умедашон низ зиёд аст.

М. Аминҷонова

омӯзгори ДКМТ