Роҳнамо барои пешгирӣ аз коронавирус ё худ КОВИД-2019 ба нашр расид

Дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони варзидаи ин даргоҳ дастури машваратие таҳти унвони “Роҳнамо барои ҳимоя аз коронавирус ё худ КОВИД-2019” ба нашр расонида шуд.

Тартибдиҳандагони ин дастури ҳимоявӣ ё худ роҳнамо барои пешгирӣ аз коронавируси нав Сун Даман-профессори Донишкадаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи нафти Чин ( Хуадун) ва Жен Гентян –директори Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон мебошанд.  

Ёдрас мешавем, ки дастури мазкур зери таҳрири профессори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Зафар Розиқов ба нашр омода гардидааст.

“Маводҳои ҷамъовардашуда, хеле ҷолиб, бисёр ҳам муфид ва дар шароити кунунӣ барои ҷомеа зарурӣ мебошад. Дар дастури ҳимоявӣ роҳҳои ҳимоя намудани худ аз вирусҳо ва эҳтиёт намудан аз мубталошавӣ ва ҳамзамон таҷрибаи гиёҳҳои шифобахш дар ҳолатҳои фишорбаландӣ ва сармохӯрдагӣ ба тафсил шарҳ дода шудааст, ки гумон мекунам барои хонандагон ва донишомӯзон дастури хубе хоҳад буд”-мегӯяд мувоини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ дотсент Замониддин Насриддинов.

Зафар Розиқов профессори тоҷик мегӯяд “дигар замоне фаро расидааст, ки дар канори ҳамдигар бошем ва аз вазъияти баамаломада пешгирӣ намоем. Зеро коронавирус ё пандемияи (КОВИД-2019) ҳоло ҷаҳонро ба вазъияти бӯҳронӣ овардааст ва ҳар яки мо бояд барои пешгирӣ аз чораҳои эҳтиётӣ кор бигирем…”.

Феълан дастури мазкур барои донишҷӯён ва доираи васеи  омӯзгорон тақдим гардидааст, ки ин ҳам бошад, қадамест барои пешгирӣ аз ин пандемияи КОВИД-2019.