Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуд

Зимни баргузории чорабинии бошукӯҳи ҷашнӣ бахшида ба 29-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори донишкада масъулини Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Сипосномаи Кумитаи вилоятии ҳизбро барои саҳми арзанда дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ сарфароз гардонида шудааст, тақдим карда шуд. 

Ёдовар мешавем, ки ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ яке аз тарғиботчиёни беҳтарин маҳсуб ёфта, ҷиҳати муаррифии сиёсати созандаи замон талошҳои зиёде намудааст, ки дар ин бора мақолоти зиёди эшон гувоҳи ин гуфтаҳост.