Пирӯзӣ муборак омӯзгорону донишҷӯёни арҷманд! Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” маълум шуданд.

Имрӯз, даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” ҷамъбаст гардид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ ширкат намуда, ғолибият ба даст оварданд.
Тибқи ҷадвали ҳайати ҳакамон аз ҷониби омӯзгорон аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Давлатов Давлатмаҳмад ҷойи якум, Бадалов Ҷамолиддин ҷойи дуюм ва аз донишҷӯён Примзода Меҳваршоҳ донишҷӯӣ курси сеюми факултети металлургия, Раҳимзода Аскар донишҷӯи курси сеюм ҳарду ҳам шогирдони омӯзгори варзида Раҳимов Ҳаётқул мебошанд, ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд.

Раёсати донишкада аз ин дастоварди беназири кормандону донишҷӯён хушҳол буда, ба онҳо дар рақобатҳои илмӣ  ва фаъолияти минбаъда муваффақиятҳо таманно менамояд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта низ омӯзгорони донишкада Раҳимов Ҳаётқул ва Қодиров Абдурашид дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур ширкат варзида соҳиби ҷойҳои якум ва дуюм гардиданд.

 

Шуъбаи иттилоот