Оғози аксияи “Ҳафтаи салом” дар донишкада

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба хотири риояи одоби инсонӣ ва ҳамчунин огоҳ намудани донишҷӯён аз фазилатҳои муносибату рафтори накӯ ҳафтаи якуми дарсӣ ҳамчун “Ҳафтаи салом” эълон гардидааст, мегӯяд Насриддинов Шаҳбоз мутахассиси шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеаи донишкада.

Дар доираи “Ҳафтаи салом” қарор аст, як чанд мулоқоту вохӯриҳо бо ширкати намояндагони ҷомеаи маданӣ дар донишкада сурат бигирад.

Шурӯъ аз ҳамин лаҳзаҳо аллакай мизҳои мудаввар дар донишкада вобаста ба ин аксия гузаронида мешавад.

М. Сайидзода