Омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аъзои гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Тибқи барқияи Роҳбари дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати мӣллб- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 15 декабри соли 2020 баён доштанд, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд, ба ноҳияи Масчо сафар намуданд.

       Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Набизода Наим, дар ҳайати аъзоёни гурӯҳи корӣ Шарифзода Абдуҳафиз намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Абдуллоев Икром Рабиевич ва Саидов Анвар Акрамович омӯзгорони Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо фаъолони ҷамъиятӣ ва аҳолӣ вохӯри гузарониданд.

        Ёдрас мешавем, ки мақсади гурӯҳи кории мазкур бо аҳолӣ вохўриҳо доир намуда, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расонидани арзу сипоси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштироки фаъолонаи аҳолӣ дар маъракаи интихобот,  ба самъи мардум расонидани   муҳтавои муроҷиатномаи Сарвари давлат  оид ба истифодаи  сарфакоронаи нерӯи барқ, риояи қоидаҳои зиддисўхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷот, вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар деҳаҳо, бунёди иншооти ҷашнӣ, таъмиру бунёди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилоту камбудиҳои мардум, омодагӣ ба иди байналмилалии Наврўз ва рўзи Истиқлолият, оғоз бахшидан ба корҳои ниҳолшинонӣ, ташкили ярмаркаҳои фурўши ниҳол, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасонӣ шаҳрвандон, захираи озуқа дар ҳар як оила, ташкили ярмаркаҳои фурўши маҳсулот, таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа, риояи ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ мебошад.

М. Сайидзода