Омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Осими Оқил дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар даври ниҳоии ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи дуюм гардид

Омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, мудири кафедраи коркарди конҳои фоиданок Осими Оқил дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинатсияи хондан ва азхуд кардани осори адибони классик ширкат варзида,сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

 Раёсат ва ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон устод Осими Оқилро барои ноил гардидан ба ин мақоми баланд  дар  шаҳри Душанбе самимона табрик намуда, барояшон дар фаъолияти минбаъдаашон бурдбориву муваффақиятҳо таманно менамоянд.

М. Сайидзода