ОЛАМ ЗИДДИ ТАРРОР АСТ

Дар Паёми солона  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат аз паёмҳои солҳои гузашта фарқ дошт.

 Паёми мазкур дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, махсусан, терроризм ва экстремизм, инчунин, шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод гардид.

Он воқеаҳое, ки дар  Сурия ва Ироқ сокинони сайёраро ба андешаву нигаронӣ мувоҷеҳ сохт. Амалҳои террористию экстремистӣ ҳамагонро ҳушдор месозад, ки хомӯшу бетараф набошем ва мавқеи инсонгароёнаи худро муайян кунем. Гурӯҳҳои экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоки сиёсии худ ба амалҳои бешарафона даст зада, аз қатли кӯдакон ва занони бепаноҳ рӯй намегардонанд. Дар зери шиори «ҷиҳод» мехоҳанд «бемории бедавояшон»-ро ба кишварҳои дигар таҳмил созанд. Ҳамчунин, мехоҳанд, бо ин кирдори носолимашон дунёро дар гирдоби тарсу даҳшатҳои тасаввурнопазир нигаҳ доранд ва бо ин васила мавқеи сиёсии худро мустаҳкам намуда, соҳиби пулу мол гарданд. Рафтори дагалона гурӯҳҳои ҷиноятпеша барои бархе аз ҷавонони тоҷик, ки бо гумроҳӣ ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротгарову ситезаҷӯ, бахусус, дар гурӯҳи  ба ном «Давлати исломӣ» шомил шудаанд, бояд сабақи зиндагӣ гардад. Ҷавонони раҳгумзада бояд дарк намоянд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ, аз касодии неруву зеҳни онҳо истифода мебаранд. Аслан, чунин ҷавонон на аз таълимоти ислом бохабаранду на аз сиёсати кишварҳои манфиатхоҳ. Ин проблема, албатта, боиси нигаронӣ ва ташвиш буда, ҳар як шаҳрванди солимфикрро масъул менамояд, ки ҷиҳати аз роҳи бад гардонидани чунин ҷавонон дар ҳамдастӣ бо ниҳодҳои дахлдор кӯшиш намоянд. Ҳоло вакти  он аст, ки мо бо тамоми масъулият нисбат ба ин амалҳои ғайриинсонӣ мубориза намоем.

Шомил шудани ҷавонон ба сафи ҳаракатҳои номатлуб аз нуктаи назари сиёсатшиносон чунин омилҳо таъсир мерасонад:

– шомилшавӣ бо роҳи муҳоҷирати меҳнатӣ;

– шомилшавӣ бо роҳи ширкатҳоои сайёҳӣ;

– шомилшавӣ бо воситаи сомонаҳои интернетӣ;

Ҷавонони давлати мо  бояд огоҳ бошанд, ки симои аслии ҳизбҳои ғайриконунӣ ба исломи асил ва суннатҳои он  мувофиқатӣ надорад.

Мо бояд, ки бо ҷавонон бештар кор кунем, онҳоро ба тарзи ҳаёти солим, варзиш, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва илмомӯзӣ машғул намоем, ки то ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил нашаванд. Мақсади ташфиқот дар он аст, ки ҳаракатҳои ғайриқонуни пурра нест карда шавад.

 

Тошматов З.А., омузгори ДКМТ