Семинари маҷозӣ оид ба магистратура бо донишгоҳи ҳамкор баргузор гардид

Дирӯз,  онлайн-семинар оид ба барномаи магистратура байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урали Федератсияи Росия баргузор гардид.Дар семинари мазкур аз чониби Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал Котляров М.А , сардори шуъбаи магистратураи Донишгоҳи давлатии куҳии Урал ва Дахиева Е.Н сардори раёсати робитаҳои байналмилалии донишгоҳи мазкур ва аз ҷониби Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон сардори шуъбаи аспирантура ва магистратура Муҳаммадюсупова Ш.А, мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилаӣ Раҳимзода Ҳ.Р ширкат дошта, баромад намуданд.Ҳамчунин ба ғайр аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар семинар намояндагон аз донишгоҳҳои Ҷумҳурии Узбекистон,Қирғизистон ва дигарҳо ширкат доштанд.
Дар онлайн-семинари мазкур тарафайн дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба, мубодилаи магистрантону докторантон,иштирок дар конфронсҳои дуҷониба , пешниҳоди мақолаҳо барои симпозиумҳо гуфтушунид намуданд.Сараввал сардори шуъбаи аспирантура ва магистратураи донишкада Муҳаммадюсупова Ш.А баромад намуда, фикру андешаҳои хешро баён намуд .Дар охири семинар мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Раҳимзода Ҳ оиди ҳамкориҳои судманди дуҷониба гуфтушунид намуд ва маводҳои ҳамкории дуҷониба ба Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал ирсол карда шуд.