Нишондиҳандаҳои фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар моҳҳои январ-декабри соли 2019

Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми соли 2019 ба фаъолияти корхонаҳои зерини соҳаи саноати сабук оғози расмӣ бахшида шуд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Бисот», ки ба истеҳсоли мизу курсиҳо барои хона ва муассисаҳои таълимӣ, мебел барои коргоҳу ошхона, маҷмӯи мебел барои манзилҳои истиқоматӣ ва дарҳои байниҳуҷравӣ машғул мебошад дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ – моҳи марти соли 2019 ба фаъолият шуруъ намуд. Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз давлатҳои Олмон ва Италия ворид карда шуда, зиёда аз 80 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар ноҳияи Данғара ҶДММ «Файзи Карим» дар самти истеҳсоли ҷӯроб бо таҷҳизоти муосир ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар он зиёда аз 50 ҷойи корӣ муҳайё карда шудааст.

ҶДММ «Органик Ян» воқеъ дар ноҳияи Ҷ. Расулов дар масоҳати 2 га бунёд ёфта, шумораи ҷойҳои корӣ 100 нафарро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 70 млн сомониро ташкил дода, иқтидори корхона коркарди 5000 тонна нахи пахта дар як сол мебошад.

Корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаи якум, сеюм ва чоруми бино коргоҳҳои дӯзандагӣ ҷойгир карда шудааст ва дар он наздики 300 ҷойҳои кории нав таъсис дода шудааст.

Дар маҷмӯъ дар корхонаҳои болозикр барои 530 нафар шаҳрвандон ҷойҳои корӣ таъсис дода шудааст.

Ҳамчунин, 17 сентябри соли сипаришуда дар ноҳияи Шоҳмансур барои бунёди корхонаи қолинбофӣ ҶДММ «Қолинҳои Душанбе» аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта шуд. Иқтидори корхонаи мазкур дар як сол истеҳсоли 1,5 млн метри мураббаъ қолин буда, дастгоҳҳо аз ширкати «Ван – де Вилл» – и Белгия ворид карда мешаванд.

Мавриди қайд аст, ки Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №128 қабул шуд. Барномаи мазкур дар раванди амалигардонии ҳадафҳои саноатикунонии кишвар таҳия гардида, ба таъмини коркарди пурраи ашёи хом аз ҷумла, нахи пахта, пӯст ва пашм дар дохили кишвар, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда мусоидат менамояд.Фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати сабуки кишвар дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 беҳтар ба назар расида, ҳиссаи саноати сабук дар якҷоягӣ бо корхонаҳои пахтатозакунӣ дар маҷмӯи маҳсулоти саноати кишвар 10,5 фоизро ташкил дод.Дар моҳҳои январ – декабри соли 2019 корхонаҳои соҳаи саноати сабук бо назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ ба маблағи беш аз 2,8 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба соли 2018 300 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои соҳа дар маҷмуъ 22355,8 тонна риштаи пахтагин истеҳсол шудааст, ки назар ба соли 2018 1606,1 тонна зиёд мебошад. Дар коргоҳҳои бофандагӣ 12722 ҳазор метри мураббаъ матоъҳои пахтагин истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2018 2846 ҳазор метри мураббаъ зиёд аст.

Коркарди пӯсти чорво дар соли гузашта 534199 донаро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ – декабри соли 2018 128639 дона зиёд мебошад. Дар ин давра истеҳсоли пойафзол ба 877,1 ҳазор ҷуфт расонида шуд, ки дар қиёс ба соли 2018 47,4 ҳазор ҷуфт зиёд мебошад.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2011, №409 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» чораҳо андешида шуда истодаанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ соли 2019 ба ҳаҷми 766,8 тонна пиллаи навъҳои омехта ва 36,9 тонна пиллаи сақат истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбат ба соли 2018 30,3 тонна зиёд мебошад. Ҳосили миёна аз ҳар як қуттӣ ба 37,3 кг баробар буда, нисбат ба соли 2018 ба ҳаҷми 6,2 кг зиёд мебошад.

Дар соли 2019 аз ҷониби корхонаҳои коркарди пилла ва абрешим аз ҷумла, ҶДММ «ВТ-Силк» 8,8 тонна абрешими хом, ҶДММ «Атласи Хуҷанд» 21,4 ҳазор метри мураббаъ газвори абрешимӣ ва ҶДММ «Дук» 1411 метр матои абрешими надофӣ истеҳсол карда шудааст.

Соли 2019 ҶДММ «Ваҳдат Текстайл», ҶДММ «Раззоқов Рустам»,  ҶДММ «Файзи Карим» ва ҶДММ «Ҳиммат-2018» ба фаъолият шуруъ намуданд, ки аз риштаи пахтагин ҷӯробҳои гуногун истеҳсол менамоянд. Давоми соли 2019 дар кишвар 4124,5 ҳазор ҷуфт ҷӯробҳои пахтагин истеҳсол карда шудааст, ки назар ба соли 2018 17,9 ҳазор ҷуфт зиёд мебошад.

Дар доираи «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» соли сипаришуда ҶДММ «Қолинҳои Суғд» аз ширкати «Ван де Вилл» – и Белгия ба маблағи 8,8 млн сомонӣ як таҷҳизоти қолинбофиро ворид ва васлу насб намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли қолин дар ҷумҳурӣ ба 4375,9 ҳазор метри мураббаъ расонида шуд, ки дар қиёс ба соли 2018 1320,1 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад.

Саноати мебелбарории кишвар яке аз соҳаҳои зудафзоиш ба шумор рафта, солҳои охир истеҳсоли мебел мунтазам тамоюли афзоиш дошта, дар соли 2019 ба маблағи 54,3 млн сомонӣ истеҳсол гардидааст, ки назар ба соли қаблӣ 10,7 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ номгӯи нави маҳсулот, ки ивазкунандаи воридот ба шумор мераванд, аз ҷумла гирдакҳои пахтагин, пахта ва докаи тиббӣ, пахтаи махсусгардонидашуда барои сӯзандору, чӯбчаҳои нафиси пахтагин, риштаҳои полипропилению полиэтиленӣ ва матои абрешими надофӣ дар корхонаҳои соҳа истеҳсол карда шудаанд.

Бо мақсади васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ, татбиқи раванди инноватсионӣ ва беҳтаргардонии сифати маҳсулот дар корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 68,4 млн сомонӣ дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз қабили ресандагӣ, қолинбофӣ, ҷӯроббофӣ, дӯзандагӣ, мебелбарорӣ ва коркарди чарм аз хориҷи кишвар ворид ва васлу насб карда шудаанд.

Содироти маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноати сабук ба хориҷи кишвар дар соли 2019 203,1 млн доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ҷониби корхонаҳои соҳа нахи пахта, ришта ва матои пахтагин, пӯсти хом ва коркардшуда, пилла ва пасмондаи абрешим, шим, нимшим, либоси варзишӣ, қолин ва ҷӯробҳои пахтагин ба хориҷи кишвар содирот гардидааст.