НИЗОМНОМАИ низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав рӯи кор омад

Ба Шуъбаи иттилооти донишкада аз ҷониби муовини аввали ректор профессор Насриддинов З.З., иттилоъ ворид гардид, ки Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори ҳайъати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон(№4-32 аз 31.03.2023) дар таҳрири нав рӯи кор омада, барои истифодабарӣ ба ДКМТ бо соқит донистани низомномаи қаблӣ(№19/24 аз 30.12.2016) супориш дода шудааст.
Дар ин зовия, муовини ректор Насриддинов З.З., ба раёсати таълим супориш додааст, ки дар кӯтоҳтарин вақт бо баргузор намудани ҷаласаи корӣ муҳтавои низомномаи навро бо мутассадиёни сохторҳо матраҳ намуда, мавриди амал қарор бидиҳанд.
Хотиррасон менамоем, ки тибқи моддаи 29-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.07.2007 № 923 «Дар бораи гузаштан ба низоми кредитии таҳсилот» аз моҳи сентябри соли 2007 дар донишкада низоми кредитии таҳсилот ҷорӣ карда шудааст.