КМ Тоҷикистону Канада “Апрелевка” аз донишкада дархости кадрӣ намуд

Имрӯз, намояндагони Корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада “Апрелевка” бо муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ҷиҳати бо ҷойи корӣ таъмин намудани 26 хатмкунанда мулоқот намуданд. Дар мулоқоти мазкур сардори бахши  таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон Назарматов Авазбек, декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова гули, декани факултети металлургия Шамсиддинов Шуҳратҷон ва мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ Ҳоҷиев Саидмуқбил низ ширкат намуданд.

Таъкид карда шуд, ки КМ  “Апрелевка”  барои донишҷӯён тамоми шароитро фароҳам меоварад ва маоши баландро низ ҷудо менамояд. Ин аввалин дархост барои таъмини ҷойи кор барои донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон нест ва корхонаҳои зиёди саноатӣ мехоҳанд бо донишкада ҳамкорӣ намоянд.