НАЙРАНГҲОИ КАБИРӢ ВА БОЗИҲОИ ПАСИПАРДАГИИ ТИҶОРАТИЯШ!

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва умуман дар асри ҳозир на ҳамеша имкони назорат ва табодули андеша муваффақ мешавад. Аксарият бинобар сабаби кам будани вақт ва зиёд будани маълумоти бардурӯғ фирефта мегарданд ва бештар ҳамин ҳолат сабаби бой додани мустақилияти инсонҳо мегардад. Як сабаби аслии гумроҳ шудани ҷавонон ҳам маҳз ҳамин аст, ки аз саросемагӣ ва зиёд будани маълумоти бардурӯғ онҳо наметавонанд, мавқеъгирӣ намоянд. Инро ҳам ибораи дигар метавон зарбаҳои нодурусти психологӣ ҳам номид. Аслан дар ҳолати ноумедӣ ва яъс қарор додани инсонҳоро гурӯҳҳои ифротӣ зиёд истифода намуда дар наздиктарин фурсат инсонро гумроҳ менамоянд.

Ҳамин равандро саркардагону роҳбарони ТЭТ ҲНИ низ истифода намуда, тариқи паҳн намудани ахбори бардурӯғ, овардани далелҳои нодурусту бепоя, танқиди шахсиятҳо ва ворид шудан ба ҳарами шахсӣ  ба боварии мардум медароянд ва дигаронро гумроҳ сохт.

Чизи дигаре, ки Кабирӣ ва дигар хоинон истифода менамуданд, ин фанатизми динӣ мебошад, ки садҳо ҷавон ба ҳамин роҳ қурбон шуд. Акнун ҳамаи ин нағмаву формулаҳои Кабирӣ ошкор гардид ва ҷавонон дигар бо дурӯғу афсонаҳояш бовар намекунанд ва ин ба он боис гардид, ки палидони наҳзати бо номи нав худро муаррифӣ созанд. Аммо мақоми мардуми ҳаст, ки “хар ҳамон хару ҷулу пордумаш нав”.

Ҳамин шабу рӯз, ки дар нишасти САҲА қарор доранд, намедонанд, ки ба чи ҳоле баромад кунанд. На ягон далели дуруст доранду на ягон сухани тоза. Онҳо ҳамеша бунт мебардоштанд, ки фалон фаъоли ҷамъиятиро мақомот зери пайгард қарор додааст ва дар ҳолати вазнин қарор дорад. Аммо имрӯзҳо мефаҳмем, ки ҳамин фаъоли ҷамъиятӣ як фоҳиша ҳасту навори маҳрамонааш дар интернет чарх мезанад.

Ин ҳам як нишони бесоҳибиву бемантиқии кори Кабириву ҳаммаслакони террористаш мебошад. Акнун биёед як андеша кунем,ки  чи тавр инҳо метавонанд сиёсатмадор бошанд??? Албатта чунин андешидан ҳам аблаҳии маҳз аст. Зеро террорист ҳаргиз ба манфиату халқу давлат кор намекунад.

Беш аз ҳама маро таваҷҷуҳи мардум ва тарафдорони ТЭТ ҲНИ ҷалб намуд, ки ҳамагӣ чанд нафар боқӣ мондаанду халос. Яъне Кабирии террорист ва хоин дигар тарафдор надорад ва мавқеашро аз даст додааст. Симои манфуру разилаш имрӯз барои миллат ошкор гардидааст ва мардум медонанд, ки ин аблаҳ барои чи ин қадар талош мекунад. Мақсади аслии Кабирӣ ва дигар хоинони ватанфурӯш ҳамин аст, ки манфиати худро дар ҳама ҳолат ҳимоя намоянд. Онҳо фақат барои киссаи худ фикр мекунанд ва мехоҳанд, ки ба курсии давлатдорӣ нишаста, боз ҳам зиёдтар мардумро ғорат кунанду касе онҳоро чизе нагӯяд. Ва аз ҳама муҳимаш боз иҷрои фармони хоҷагони хориҷияш мебошад, ки ин ҳам барои онҳо ҳатмист. Зеро хоин ҳамеша ба ранги пул нигоҳ мекунад на ба вазъу ҳолати мардум. ТЭТ ҲНИ барои Кабирии хоин фақат як лоиҳаи тиҷоратӣ ҳасту халос. Дар он на аз манфиати динӣ гап мераваду на аз ҳифзи фарҳангу таърихи миллат. Ин ташкилоти таъсисдодаи хориҷиҳост, ки бар зарари миллат кор мекунад ва аз ин ҳисоб Кабирии палид пул кор мекунад.

                                                                      А. Олимов

                                                                      омӯзгори ДКМТ