МУҲОКИМАИ ЯК МУСОҲИБАИ ГЕНЕРАЛ ВА ВУСЪАТИ МАЪРАКАИ ИТТИЛООТӢ

Имрӯз вохӯрии ректори донишкадаи куҳӣ-металлургии Точикистон, дотсент Фозилзода М.  бо ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон  дар мавзӯи «Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, тартибу одоби ҳамидаи инсонӣ» инчунин мухокимаи мақолаи “Генерал Давлат Мамадризобеков дар бораи вазъи Бадахшон” дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” №41 аз 10.10.2018 доир гардид.

Вохӯриро Ректори донишкадаи кухи-металлургии Точикистон дотсент Фозилзода М. оғоз намуда ҳозиринро ба вазъи ҷиноятсодиркунӣ алалхусус, ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғону ҷавонон дар вилояти мухтори Бадахшони куҳӣ шинос намуд. Маърӯзачӣ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки мутаассифона, ҳоло ҳам дар байни як гуруҳ ҷавонони ин минтака  ҳодисаҳои шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, авбошӣ, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ҷой доранд. Бинобар ҳамин ҳам, ӯ аз устодон  даъват ба амал овард, ки дар маъракаи иттилоотӣ вобаста ба таъмини амнияти Бадахшон  зиракии сиёсиро аз даст надода, фаъолона бо иншои мақолаю вокуниш ва изҳоротҳо иштирок намоянд.

Дар вохӯрӣ инчунин, мудирони шӯъбаи иттилот ва тарбияи донишкада Орифов З. ва Азизов Қ.  ба сухан баромада, оиди моҳияти мақолаи дарҷшуда дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” таҳти унвони “Бадахшон: аз қонуншиканиҳо то иштибоҳҳои раис дар суҳбати генерали амният Давлат Мамадризобеков”  суханронӣ намуда, нисбати саҳми устодон ва донишҷӯн  ҳамчун нерӯи  ояндасози ҷомеа андешаҳои ҷолибу таъсирбахшро баён намуданд.

Вохӯриро ректори донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон  дотсент Фозилзода М. ҷамъбаст намуда, дар назди хозирин ду масъалаи муҳимро вазифагузорӣ намуд:

  1. Вусъат бахшидани маъракаи иттилоотӣ дар робита ба авзои амниятии Бадахшон аз ҷониби ҳайати омӯзгорон, профессорон, кормандон ва донишҷӯёни донишкада.
  2. Ба масъулони гурӯҳи таҳлилию итттилоотии донишкада (Орифов З. ва Азизов Қ.) супориш дода шуд, ки ҷадвали пешниҳоди мақолаю изҳорот ва вокунишҳоро тартиб дода, пас аз тасдиқи Ректор иҷрои онро таъмин намоянд.

Шуъбаи иттилоотӣ