МУШТРО БА РӮШНОӢ ЗАН, ИЛҲОМ!

Аз худ ҳомии ҳуқуқи инсон тарошидани Илҳом Ёқубови муштзан маро ба чунин хулоса овард, ки ин варзишгар то ҳол мушт ба торикӣ мезанаду дар домани Кабирӣ тоату иободат мекунад.

Имрӯзҳо шакл гирифтан ва пайдо намудани фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва терористии байналмилалӣ боиси таассуф ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Мутаассифона, ин зуҳуроти номатлуб хеле зиёд шуда истодааст. Ин ҳолат истиқлолияти давлатҳои алоҳидаро зери хатар мегузорад ва ҳаёти осоиштаи халқро халалдор месозад.Ифротгароиро олимони ҷомеашинос, пеш аз ҳама, ба сурати зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае таҷассум намудаанд.

Коршиносони омӯзиши масъала бар ин назар ва ақидаанд. Ки аксар ҷавонон бо гуноҳи ифротгароӣ маҳкумшуда бо сабаби дониши пасти динию дунявӣ, надоштани машғулият ва ҷои доимии кор, пайваста дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанашон гумроҳ шудаву ба доми афрод ва гурӯҳҳои ситезаҷӯ афтодаанд.

Барои мо – тоҷикон, ки таҷрибаи душвори таърихиро дар ибтидои давраи соҳибистиқлолии кишвар аз сар гузаронидем ва ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардидем, мақому нақши сулҳу ваҳдати миллӣ аҳамияти махсусро соҳиб мебошад. Ин неъмати бебаҳо ба туфайли меҳнати чандинсолаи давлату ҳукумати кишвар зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Иҷрои қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстризм”, “Стратегияи давлатии мубориза бо экстримизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” аз ҳар як шаҳрванд масъулияти ҳушёрии сиёсӣ, имону эътиқоди комилро талаб менамояд.

Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома дорад. Барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид.Дар ин давра, зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.

Бо вуҷуди ин, моро зарур аст, ки пеши роҳи ин зуҳуроти зиштро- ифротгароиро гирем ва васеъшавии ин гуна равияҳо роҳ надиҳем. Ҷавононро ҳамчун нерӯи созанда дастгирӣ намуда, дар рӯҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ тарбия намоем. то онҳо сазовори давру замон бошанд.

Аз ин рӯ, ба Илҳом Ёқубов барин гумроҳон гуфтаниям: Муштро ба рӯшноӣ зан, Илҳом!

 

 Мақсуда Нурматова,

 Ассистенти кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии ДКМТ