Мулоқоти судманди олимон бо донишҷӯёни донишкада

Имрӯз,  дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудани Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  вохӯрии олимону донишмандони соҳа бо донишҷӯён баҳри пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро сурат гирифт.

Дар чорабинии имрӯза нахуст муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова М.С. суханронӣ намуда, меҳмононро ба донишҷӯён муаррифӣ намуданд. Иштирокдорони ҳамоиши имрӯза номзади илмҳои таърих Шарипов Ш., номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Саидзода Ш., номзади илмҳои филологӣ  Умаралиева У.  буданд, ки ба донишҷӯён аз хатарҳо ва пайомадҳои ногувори гумроҳшавӣ ва ифротгароӣ ба донишҷӯён маърӯза хонданд.

М. Сайидзода