МО БА ҲАМСОЯҲО БО САЛОМИ ДӮСТӢ ПОСУХ МЕДИҲЕМ!

Расонаҳои хориҷӣ ва мустақил ҳарчанд барномаву ҳадафҳои худро доранд ва барои амали намудани мақсадҳои гуногуни хеш ба ҳар даре даст мекубанд, лек масоили марбут бо Тоҷикистонро он чунон мудҳиш тасвир менамоянд, ки ба ягон чаҳорчӯбаи касбият намегунҷад.  Аммо дар масъалаи инъикоси масоили марзӣ бошад, ҷониби сарпарсти худро таъриф намуда, аз воқеият истиҳола менамоянд ва он чи ҳаст ба хонанда пешниҳод намекунанд ва масъаларо яктарафа баён менамоянд, ки ин хеле хатарнок аст ва дар миёни ҷомеа сардаргумиро бавуҷуд меорад.   

Моҳе қабл дар кишвар ҳолати ногуворе пайандоз гардида буд. Ин ҳам бошад аз ҷониби нерӯҳои Қирғизистон барангехтани низоъ ва тирпаронӣ бар зидди сокинони осоишта мебошад. Албатта ин амали ҳамсояи мо хеле нодуруст буд. Ҳарчанд дар чандин даҳсолаи ҳамсоядорӣ ва дӯстӣ мо мардуми тоҷик ҳаргиз бар ҷониби қирғиз санг напартофтаем, тирпаронӣ он тараф истад.

Ҳамеша мо мардуми тоҷик бо ҳамсояҳои худ аз рӯйи мақоли “Ҳамсоя ба ҳаққи худо баробар” муносибат намуда, талош кардаем, то ҳамсояи хешро наранҷонем. Аммо он чӣ гузашт, хеле нороҳаткунандаву ногуфтанӣ буд.

Ба ҳар ҳол мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон ин масъаларо бо роҳи гуфтушунид ва ризоияти тарафайн ҳал намуданд ва шукронаи Аллоҳ, ки имрӯз дар сарҳад фазои оромӣ ҳукмфармост.

Вале аз ҳамин рӯзи душвори миллат ҳам мухолифин илҳом гирифта, пару бол бароварданд ва ҳар қадаре, ки метавонистанд ба ҷойи дилбардориву ғамхори нисбатӣ миллат ба ҷониби Тоҷикистон санг партофтанд. Ва ҳамин ҷо маълум гардид, ки ин палидони ифротӣ ҳаргиз ободиву оромии миллатро нахоста, балки барои сархамиву беобрӯгии мардуми кишвар талош меварзанд.

Бояк тазаккур дод, ки мо миллати тоҷик борҳо гузашт намудаем ва борҳо дасти сахо боз намудаем. Имрӯз сарсабзии ҳамсоякишварҳои мо аз сабаби андешаву саховатпешагии мост, махсусан Қирғизистон. Мо барои бавуҷуд наомадани низоъ ва нарехтани хуни мардуми бегуноҳ ҳамеша аз муколамаи судманд ва дуруст истифода намудаем, агарчи метавонем мисли ҳамсояҳо бо силоҳ гап занем. Аз ҳамин лиҳоз ҷониби қирғизистонро мебояд дар ин масъала андеша намояд ва дар рафтори ҳамсоядорӣ одобро нигаҳ дорад.

Ҳоло вазъият дар сарҳади Тоҷикистон бо кишвари қирғиз ором буда, баҳсҳои сарҳадӣ бо иштироки ҳайатҳои баландпояи ҳар ду кишвар ҳалли худро ёфтанд. Аммо он чи аз ҷониби мақомоти қирғизистон нисбати шаҳрвандони бегуноҳ сурат гирифт, амалест нобахшиданӣ ва ғайри инсонӣ. Зеро мақомдорони қирғиз фаромӯш намуданд, ки оини ҳамсоядорӣ чисту марҳамати ҳамсоя аз куҷост?!

Ба ҳар ҳол ба хотири ором сохтани ҳолати мардум ва таъмин намудани амният ба сокинони назди сарҳадӣ мақомоти кишвар тамоми талошу ғайраташонро сафарбар намуданд ва чанд тан аз сарбозони далери Ватан дар ин лаҳза қурбонӣ нофаҳмиҳову ҳайвонатвории қирғизҳо шуданд.  Аммо имрӯз, ки вазъият ором гардидааст ва сокинон хурсанд ҳастанд, беҳтар аст, ки ба ин масъала дубора барнагардем.

                                                                                    А.Олимов

                                                                                   омӯзгори ДКМТ