Маҳфили навбатии “Алҷабр” баргузор гардид

Санаи 28-уми сентябри соли 2023, соати 1300 дар синфхонаи 203 маҳфили илмии донишҷўёни кафедраи математикаи олӣ ва информатика  “Алҷабр”  баргузор гардид.

Маҳфилро  омўзгори калони кафедраи мазкур Ҷумаев А.Р. ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолият ва зарурати маҳфил сухан ронд. Баъдан, минҳайси роҳбари маҳфили илмии донишҷӯён, омўзгори калони ҳамин  кафедра Муҳамедҷонова Ў.М. оид ба  номгузории маҳфили илмии донишҷўён маълумот дод.

Ҳамчунин,  мувофиқи нақша донишҷӯи гурўҳи 1-330101 Собирҷонов С. ки таҳти роҳбарии омўзгори калони кафедра Ҷумаев А.Р. маърўза омода намуда буд, дар мавзӯи «Таърихи пайдоиши касрҳои оддӣ» баромад намуд.

Мувофиқи нақша,  донишҷӯи гурӯҳи 2-360101      Зухриддинов Ф. низ  дар мавзӯи «Истифодаи кортҳои пластикӣ. Низомҳои пардохт дар интернет» таҳти роҳбарии омўзгори калони кафедра Абдураҳмонова А.И. маърӯза омода гардидааст, баромад кард.

Пас аз шунидани маърўзаҳо аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯён ба       Собирҷонов С. ва Зухриддинов Ф. саволҳо дода шуд ва баромадкунандагон ба суолҳо посухҳо доданд.

Дар интиҳо санаи баргузории маҳфили навбатӣ ва маърӯзакунандагон он аз ҷониби роҳбари маҳфили илмии донишҷўёни кафедра Муҳамедҷонова Ў.М. эълон карда шуд.