Маҳфили “Ал-ҷабр”-и кафедраи математикаи олӣ ва информатика баргузор гардид

Дирӯз,  дар кафедраи математикаи олӣ ва информатика маҳфили “Ал-ҷабр” бо иштироки мутахассиси раёсати илм ва инноватсия ва дигар омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Роҳбари маҳфил Абдураҳмонова А.И. ва донишҷӯёни бахши 2 ихтисоси 270101-09та Сафарзода Салмон, дар мавзӯҳои “Самаранокии таълими фанҳои риёзию техникӣ”  ва “Кор бо функсияҳо ва графикҳо дар барномаи математикии Mathcad” маърӯза намуданд. Барои боз ҳам шавқовар гузаштани маҳфил чун ҳарвақта, масъалаҳои мантиқӣ ва саволу ҷавоб аз ҷониби иштирокчиён ба роҳ монда шуд.