МАЛЛОҲОНИ БЕСАР ВА Ё ИН КИ МАЙМУНҲОИ СИЁҲ

Обрӯву эътибор барои инсон хеле муҳим аст ва ҳар як фарди солими ҷомеа бояд барои солим нигоҳ доштани афкори худаш ва ҳамзамон ҳифзи обрӯву эътибораш кӯшиш намояд. Зеро ҳифзи обрӯ ва эътибор барои ҳар инсон хеле муҳим аст ва баъзан дар ҷамъият ҳамчун шиноснома истифода мешавад. Лек ҳастанд иддае, ки на ба обрӯву эътибор аҳмият медиҳанду на ҳувияти худ ва омодаанд барои ду тангаи хоҷагони хориҷияшон ҳоҷатхонаи бегонагонро бо забонашон тамиз кунанд. Ин гуна афродро дар мисоли аъзоёни ТТЭ ҲНИ метавон гуфт, ки айнан ҳамин корро доранд идома медиҳанд.

Ҳоло тамоми аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба таври комил ба хизмати хоҷагони хориҷияшон гузашта, имрӯз бар алайҳи миллат дасисабозиву иғвобарангезӣ менамоянд, ки бисёр ҳам хиёнати бузург мебошад.  Хиёнаткории наҳзатиён ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта маълум гардида буд, лек то ба имрӯз идома карданаш аз пастфитратии наҳзатиён шаҳодат медиҳад.

Албатта, бар ивази маблағ хиёнат бар миллату давлати тоҷикон бисёр ҳам ҳам дарднок аст шудниданаш, зеро дар миллати тоҷик ҳаргиз хиёнаткор набуд ва ҳама мардона рафтор мекарданд ва навиштаҳои таърихӣ ҳам инро исбот кардааст.

Аммо чаро маҳз имрӯз наҳзатиён хиёнаткор ба дунё омадаанд?

Оё ин наҳзатиён тоҷик нестанд?

Албатта, ки тоҷик нестанд ва пешинаи таърихияшон аз миллати тоҷик хеле дур аст, зеро дар хуни аъзоёни ТТЭ ҲНИ ягон зарра номус ва ғурури тоҷикӣ дида намешавад, ки миллати тоҷик чунин намоянда надошт. Яъне маълум мешавад, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳамчун хиёнаткор ва хоину фиребкор ба воя расидаанд ва дар муҳити ғайриинсонӣ тарбият ёфтаанду халос.

Ин аст, ҳақиқати наҳзатиён ва дигар афроди наҳзатпараст, ки имрӯз ба хотири чанд танга худро ғуломи хоҷаи хориҷияшон сохтаанду бар алайҳи миллат мубориза бурду фитнаандозӣ мекунанд. Пас ин ҷо суоле ба миён меояд, ки оё наҳзатиён хоин ва авбош ба дунё омада буданд?

Шояд ба ин суол амиқан ҷавоб дода натавонем, аммо ҳамин қадар ишора менамоем, ки дар ҳақиқат ҳам аз амалу рафтор ва суханронии наҳзатиён ҳамин қадар хулоса намудан мумкин аст, ки онҳо хиёнатпеша будаанду то ба имрӯз хоин ва хиёнаткор мондаанд.

Бо рафтори нодуруст ва хиёнаткории худ аъзоёни ТТЭ ҲНИ як маймуни сиёҳро дар ҷомеа мемонанд, ки доим бар ҳама масъала ҷиғ-ҷиғак мекунанду дар асл бошад мақсадашон гумроҳ кардану фиреб додани миллат мебошад.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ