КОРОНАВИРУС ВА НАҲЗАТИЁНИ БЕНАНГУ НОМУС

Дар ҳошияи мақолаи “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус”.

“Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус” мақолаи Азимҷон Раҳмонзода, муовини директори Институти Осиё ва Аврупои АМИТ, Зиёев Субҳиддин, ходими пешбари Институти Осиё ва Аврупои АМИТ ва Фирдавс Мирзоёров, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  пажуҳишест дар шинохти инсоният ва он ҳам нафарони ба ном “ғамхорони миллат”.

Агар тибқи маълумоти биологӣ бигӯем, ки инсон аз рӯзи аввали зоданаш ҳамчун як мавҷуди бошуур ва ҳамафаҳм шакли мағзӣ гирифтааст ва ин як далели бебаҳс аст, шояд дар шинохти баъзе афрод иштибоҳи маҳз бошад. Ҳастанд инсонҳое, ки аз  ин неъмати одамият бебаҳра мондаанд ва зода шудан замон ҳамчун паразит шакл гирифтаанду ба ҷуз симои инсонӣ дигар чизе дар онҳо ҷустан хатост. Аз одамият, фаросат, фасоҳат, фаҳму ахлоқӣ ҳазорсолаҳо дуранд. Ин тоифа албатта, ҳамон наҳзатиёне ҳастанд, ки бо роҳбарии Кабирии ҳаннот ва авбош гирди ҳам омадаанд ва “ҷамъияти хоинони номарду ноинсон”-ро ташкил кардаанд, ки имрӯзҳо дар Аврупо ҳар яке майдони муҳорибаи худро ташкил кардаанд, шарм аз Худову банда ба ёдашон намезанад.  Бубинед, ҳоло коронавирус тамоми оламро фаро гирифтааст, ҷаҳон дар мубориза аст. Ватани моро низ ин вирус дар канор нагузошт ба остони мардум қадам ниҳод, ки ин ҳолатро як мусибат ва фоҷеа гуфтан ҳам хато нест.  Аммо дар ҳамин мусибат ва дар ҳамин ҳолати бад, ки ҷаҳониён аз ҳама кор даст кашиданду тамоми нерӯро баҳри мубориза ба коронавирус бахшиданд ин наҳзатиёни дур аз ақлу хирад ва ахлоқи инсонӣ табли шодӣ мезананд ва дар ин ғурбати миллат шодӣ мекунанд, ки ба ақли инсонӣ рост намеояд.

Чӣ тавр инсони солим ба чунин хатои ғайриинсонӣ роҳ медиҳад?

Албатта, барои ин кор бояд инсон набуд, ки воқеан ҳам наҳзатиёни ватанфурӯш инсон набудаанд. Зеро инсоният низ мактаб аст, мактабест, ки инсонро тарбият мекунад ва ба ахлоқи ҳамидаву одоби баланд роҳнамоӣ мекунад. На ба хулқи ҳайвониву рафтори ношоиста, дурӯягиву чоплусӣ ва хоиниву миллатбадбинӣ!

Маълум мешавад, ки Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи  Садриддин ҳамагӣ аъзои авлоданд ва аз як хӯ ва аз як ният ва аз як ройи номардӣ ба дунё омаданду афсус, ки замини муқаддаси моро нопок карданд. Чуноне, ки бузурге мефармояд “бачаи қассоб ба ҳаваси гушт, ба мушхӯрӣ пардозад” сад дар сад дуруст аст ва ин хоинон ҳам ба хотири ҳамон касабаи бобоӣ, ба хотири ҳамон пешаи хоинии гузаштагонашон имрӯз хиёнат мекунанд ва аз ин роҳ маблағ ба даст меоваранд, ки бешак мояи шармандагист.

Охир миллати тоҷик ҳаргиз барои шикам ва бурдаи нон чоплусӣ накардааст ва ҳаргиз дурӯяву номард набудааст ва ин як далели бебаҳс мебошад. Таърих исбот кардааст, тоҷик боғурур будаву ҳаст ва ҳаргиз ғурурашро бо баҳонаи зинда мондан бар ивази чизе  нафурӯхтааст.  Нангу номус ва ғурури тоҷикияш нагузоштааст, ки ҳуввияти худашро ба бозӣ кашад. Аммо наҳзатиёни худро тоҷик муаррификунанда  (Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин)ҳамаро шарманда сохтанд ва бори дигар исбот намуданд, ки дар ҳақиқат аз решаи тоқи нестанд ва заррае ҳам нангу номуси тоҷикӣ надоранд.

Онҳо тоифае ҳастанд, ки ҳаргиз амали нек, хайри инсониро намедонанд ва ҳамеша барои рехтани хуни бегуноҳ, сарсон намудани миллат, гумроҳ кардани ҷамъият талош варзидаанд ва мо чандин бор шоҳиди ин номардиву чоплусиву дурӯягии наҳзатиён будаем. Солҳои 90-умро як баёд орем. Он солҳо наҳзатиёни авбош мардумро гумроҳ намуда, ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ташкил намуданд ва миллатро сарсону саргардон сохтанд. Зиёда аз 160 000 қурбонӣ ба ҷо гузоштанд, ки ин воқеан ҳам мояи нигаронии башарият мебошад. Аммо барои наҳзатиёни зархарид ва дур аз мактаби инсонӣ ин чизе наменамояд, дар ҳоле, ки аз гаҳвораҳои сӯхта ва хонаҳои валангоршуда, ҳанӯз ҳам бӯйи хун меояд. Ба ибораи дигар бигӯем ҷӯйборони сари роҳ то кунун бӯйи номардиву носипосии наҳзатиён мекунанду хиёбонҳо хотира аз хуни шаҳидони бегуноҳи аз дасти наҳзатиён рехта дорад.

Акнун чӣ гуна мешавад ин наҳзатиёнро инсон гуфт?

Вақто, ки миллат дар ғурбат аст, наҳзатиён ба пулкоркунӣ машғуланд, сомонаҳояшон саропо аз тӯҳматномаҳост, ки ин худ аз бетарбиягӣ, ноҷавонмардӣ, кӯтоҳназарӣ ва инсонбадбиниву душмании наҳзатиён шаҳодат медиҳад. Пас мешавад ин тоифаи бадниҳодро дур аз мактаби инсонӣ гуфту ҳамон таъбири расонаҳои дохиливу хориҷиро нисбати наҳзатиёни пулпараст истифода кард.

Меҳвар Абдусаломов

устоди донишкада