КОНФРОНСИ МАТБУОТӢ

Санаи 1-уми августи  соли 2019 тибқи иҷрои  Амри Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон аз 15-сентябри соли 2011, № АП-1729 ва  ҷадвали тасдиқ намудаи Вазорати маориф ва илми     Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси вилояти Суғд аз 18.07.2019 оид ба баргузории нишастҳои матбуотӣ дар Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон   нишасти матбуотї бо иштироки васеи хабарнигорону рўзноманигорони васоити ахбори оммаи вилояти Суѓд баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотї намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Олимҷон Мирмуҳаммедзода,     рўзноманигорону хабарнигорон аз рўзномањои «Ҳаќиќати Суѓд»  Шаҳбону Олимова , «Согдийская правда»,  Нуриддин Сулаймонов,  «Суғд Ҳақиқатӣ» Назокат Ҷураева    ширкат варзиданд.

Нишасти матбуотиро ректори донишкада Фозилзода Мухтор Муродалї бо сухани ифтитоњї оѓоз бахшида, қайд намуд, ки ҷомеаи меҳнатии донишкада дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода роҷеъ ба ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар, солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  инчунин,  татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”   фаъолияти худро ба роҳ монда, соли хонишро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ  ҷамъбаст намуданд.

 Ректори донишкада  оид ба фаъолияти шашмоҳаи  таълимгоњ дар самтњои таълим, тарбия, корњои илмї-тадќиќотї, хољагидорї, дастовардњо, бурду бохти таълимгоњ, бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон , робитаҳои судманд бо корхонаҳои соҳавӣ-саноатӣ, муассисаҳои олии касбии хориҷи дуру наздик,   наќшаи дурнамо ва вазифањои дар пешистода, дар соли хониши  2019-2020  бо маърўзаи тањлилї баромад намуд.Ҳамзамон, қайд гардид, ки ҳайати омузгорону кормандон ва донишҷуён дар корҳои ободонию созандагии “1300 рӯзи зарбдор” ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд. 

Сарвари донишкада   дар баромади худ ќайд намуд, ки љомеаи мењнатии таълимгоњ дар њама љабњањои таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони соњавї, корњои илмї-тадќиќотї, навоварию ихтироъкорї ва рушди технологияњои инноватсионї ба дастовардњои назаррас ноил гаштанд.  Аз ҷумла, дар озмуни «Ихтироъкори сол» 7 нафар омӯзгорон ва 5 нафар донишҷӯён соҳиби патентҳои ихтироъкорӣ – навоварӣ гардиданд, танҳо соли равон 5 нафар омӯзгорони ҷавон рисолаҳои номзади илмро бомуваффиқият ҳимоя намуданд. Фаъолияти шуъбаҳои аспирантура, магистратура, донишкадаи Конфутсия дар назди донишкада барои мустаҳкам гардидани неруи илмии донишкада мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон,  зикр гардид, ки ҷомеаи меҳнатии донишкада аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифта, тамоми ҷидду ҷаҳди худро баҳри татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии кишвар ва тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ равона менамояд. Сарвари таълимгоҳ зикр намуд, ки айни замон донишкада бо 33 муассисаҳои олии касбии хориҷи дуру наздик ва зиёда аз 70 корхонаҳои соҳавӣ – саноатӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Қайд гардид, ки раёсати донишкада баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва дар руҳияи ватанпарастӣ тарбия намудани онҳо мунтазам тадбирҳои амалӣ андешида, дар шашмоҳаи соли 2019   5  маротиба вохуриҳо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва  ҷомеаи меҳнатӣ доир гардид.   

 Сипас, ба саволњои рўзноманигорон вобаста ба масъалаҳои базаи моддӣ-техникии таълим, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим,  бо љойи кор таъмин намудани хатмкунандагон,  ҳамкориҳо бо корхонаҳои саноатӣ,  наќшаи дурнамои донишкада, дастгирии донишҷуёни ятими кулл ва тибқи квотаи Президентӣ  таҳсилкунанда   инчунин ,  дигар масъалањои марбут ба кори таълиму тарбия ректори донишкада Фозилзода Мухтор Муродалӣ , муовини ректор оид ба корњои таълим Ќозиев Камолуддин Сангинович, оид ба илм  Насриддинов Замониддин Зайниддинович  ва оид ба корҳои тарбия Сайдулоева Манзура Маҳкамовна   посух доданд.

Дар љамъбасти нишасти матбуотї ректори донишкада ба намояндагони васоити ахбор љињати иштирокашон дар ин чорабинї изњори сипос намуд.