Ширкати бонувони донишкада дар форуми Донишгоҳи давлатии кӯҳӣ-технологии Навоӣ

Санаи 11.02.2023 сол дар Донишгоҳи давлатии кӯҳӣ-технологии Навоӣ форуми байналмилалии «ЗАНОН ВА ДУХТАРОН ДАР ИЛМ ВА ТЕХНОЛОГИЯ – 2023″ баргузор гардид, ки дар он бонувони фаъоли донишкада ба  тариқи онлайн ширкат намуданд.
Форуми мазкур дар доираи таҷлили “Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар соҳаи илм 11 феврал” аз ҷониби як қатор ниҳодҳои  Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷумла Кумитаи кор бо занон ва оила , Вазорати маориф ва илм, Маркази занони ихтироъкор дар Ӯзбекистон ва Донишгоҳи давлатии кӯҳӣ-технологии Навоӣ ташкил шуда, аз тамоми донишгоҳу донишкадаҳои Осиё намояндагон иштирок намуданд.

Дар қатъномаи «Илм, технология ва инноватсия барои рушд», ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ 20-уми декабри соли 2013 қабул гардидааст, чунин омадааст, ки “истифодаи баробар ва пурраи илм, технология ва инноватсия аз ҷониби занон ва духтарони тамоми синну сол кафолати гендерӣ мебошад”. 22 декабри соли 2015 дар иҷлосияи пленарии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 11 феврал  ҳамчун “Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар соҳаи илм” эълон карда шуд. Ҳамин тариқ, ин рӯз ба яке аз рӯзҳои байналмилалии СММ табдил ёфт.
Аз ҷониби Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар форуми мазкур декани факултети корҳои кӯҳӣ  дотсент Самадова Гули, омӯзгори калони кафедраи экология Саксанова Наима, омӯзгори кафедраи экология Назарова Маҳина, Силмонова Сурма, мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Раҳимзода Ҳусноро ва дигарон ширкат варзиданд.

Декани факултети корҳои кӯҳӣ дотсент Самадова Гули зимни суханронӣ нахуст дар бораи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  маълумот дода, омодагии донишкадаро ҷиҳати ҳамкориҳои судманди дуҷониба баён намуд ва бо маърӯзаи пурмуҳтавои хеш кори форумро ранги тоза бахшид. Ҳамчунин,  мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Раҳимзода Ҳ.Р ба кори форум барору муввафаққият таманно намуд.
Пас аз суханронӣ  декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гули барои ҳамкориҳои тарафайн изҳори миннатдорӣ баён намуда, қайд кард, ки  ҳамкории ҷонибҳо ба ҳарду кишвар айни муддао мебошад.

PS: Хонандаи арҷманд бинобар мушкили фаннии сомона, хабару гузоришҳо дертар гузошта шуд