ИФШОИ АМАЛИ ЗИШТИ ТТЭ – ҲНИ

Навори видеоии  А.Сатторов ва пайравони ҳизби мамнушудаи наҳзати ислом аз он шаҳодат дод, ки ҳангоми амал басо амалҳои зиштро ба ҷо овардааст. Инак, нафаре дар дами пирӣ қарор дораду аз фаъолият дар ҲНИ ангушти пушаймонӣ мегазад.

Ҷахони муосир пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, ки яке аз сабабҳои он афзудан ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм, фундаментализм, сепаратизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо мебошад.

Дар ҷаҳони муосир тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи сокинони ин ё он давлатро зери хатар мегузоранд.

Мухаққиқон ва коршиносон бар ин назаранд, ки  зухуроти номатлуби бунедгароӣ (фундаментализм), тундгароӣ (радикализм), ифротгароӣ (экстремизм) ва даҳшатафканӣ (терроризм) дар маҳрумиятҳои фикрӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ реша дошта, қишрҳои камфаъол ва камзарфияти иҷтимоӣ ба ин гурӯҳҳо шомил мегарданд ва дар натиҷа миёни ҷомеа, бахусус қишрҳои осебпазири иҷтимоӣ зӯроварию бадбинӣ (агрессия), истибдод (деспотизм) ва хушунат тавлид мекунанд.

Ифротгароии динӣ маҳсули фарҳанги намукаммал ва натиҷаи ҷаҳолати мардумист. Ҳар қадар дар ҷомеа ҷаҳлу зулмот мусаллат бошад, ҳамон қадар беназмӣ, беадолатӣ ва қонуншиканиҳо решадор мегарданд. Гурӯҳҳои махсусе таҳти кӯшиши ҳадамоти ҷосусӣ афродро дар доираи дину мазоҳиб мағзшӯӣ мекунанд ва барои анҷом додани амалиёти даҳшатафканӣ ва тахрибкорӣ сафарбар менамоянд.

Баъди гузаронидани мағзшӯии мақсаднок ва дар шуури торики онҳо ҷой кардани афсонаҳои бофтаи «ҷиҳоду шаҳодат» онҳоро ҷониби худкушӣ роҳнамун месозанд ва ин манқуртҳои ақлбохта бо боварию итминони роҳёбӣ дар биҳишти хаёлиашон даҳҳо нафар бегуноҳонро ба коми марг мефиристанд.

Одатан ҷавонон, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Дар зеҳни онҳо, ки мисли «лавҳи сафед» (таъбири файласуфи англис Ҷон Локк) тозаю покиза аст, ифроту хурофот пур карда мешавад ва азбаски ҷавонон сахт ҳассосанд бегумон шефтаю мутамоили ақидаи бебунёд мешаванд. Муҳимтар аз ин онҳо фикр мекунанд, ки дар пешгоҳи Худованд иззат доранд ва бо ин гумон ба ҳар коре, ки «миёнҷиёни худо» дар қолаби ҷиҳоди динӣ мефармоянд, қатъиян иҷро карда, ба биҳишти ваъдагӣ мерасанд. Бозӣ кардан бо зеҳни насли ҷавон, мутаассибон ва эҳсоси мардуми хурофотӣ аз мушахассоти кори хадамоти махсус маҳсуб меёбад.

Ҳар шаҳрванди Чумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, дар мақсадҳои шум ва фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик аст. Яъне ӯ бевосита дар муқобили давлати худ, бар зидди Ватани худ ва дар душман ба миллати худ қарор мегирад. Хамин тавр, ӯ бо тамоми маънояш хоини Ватан мешавад!

 

Ш. Муҳамадюсупова,
ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

дувоздаҳ − 12 =