Ифротгароён ба мақсад намерасанд Муаллими калони кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ

Дар ҷомеаи имрўза барои аз байн бурдани ҳар гуна ҳаракатҳои террористї муборизаи беамон рафта истодааст. Вазифаи ҳар як инсоне, ки дар Тоҷикистон зиндагонӣ мекунад, ин оштинопазир будан нисбат ба ҳаракатҳои тундгаройӣ мебошад.
Магар мо ба қадри ин ҳаёти осоишта намерасем, ки ба ҳар гуна ҳаракату ҳизбҳои гуногун шомил мешавем. Магар ин давлати орому осоиштаро ноором кардани онҳо гуноҳ нест? Худро инсондўст ҳисобида, як қатор ҷавонони бегуноҳро ба доми ҳалокат мекашанд. Ба онҳо ваъдаҳои пуч дода ба ҳар гуна ҳаракатҳо шомил месозанд.
Мо бар хилофи ақидаи ононем, ки ба давлатҳои бегона робита намуда, на танҳо ҳаёти худ, балки ҳаёти чандин нафарони бегуноҳро ба хатар гирифтор месозанд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки имрўз тамоми дунёро нобасомониҳо ва нооромиҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ фаро гирифтааст.
Чангҳои шаҳрвандӣ дар Эрону Ироқ, Афғонистону Сурия дар асоси омилҳои мазҳабӣ сурат гирифта истодааст. Бинобар ин мо бояд аз ин нобасомониҳои рўйдодаистода худро бар канор гирем.
Мо бояд ҷавононро дар рўҳияи ватандўстию ифтихори миллӣ тарбия намуда, пеши роҳи ҳурофотпарастӣ ва ғояҳои бегонаву ифротиро бигирем. Онҳо бояд ба қадри ҳаёти осоиштаи хеш бирасанд.
Садҳо расонаҳои хабарии дунёи иттилоот мерасонанд, ки ниҳодҳои мазҳабии тундрав, аз ҷумла будоиён аз пайи нест кардани мусалмонон шудаанд. Албатта онҳое, ки афрўзандаи ин ҷангҳои мазҳабӣ ҳастанд, ягон ниҳоди нопок ё манфиатхоҳ доранд. Ва пайваста аз ин нобасомониҳо истифода бурда, ҷаҳони оромро ноором месозанд.
Мо бояд барои ба гурўҳҳои ифротгарой шомил нашудани ҷавонон ҳамаҷиҳата чораандешӣ намуда, онҳоро дар рўҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоем. Зеро ки қувваи пешбарандаи ҷомеаи мо ҷавонон мебошанд. Ояндаи Тоҷикистон дар дасти онҳост. Мо ҷавононро тавре тарбия намоем, ки худогоҳу ватандўст ва ифтихори миллӣ дошта бошанд.
Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррасе мегузоранд.
Ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои Тоҷикистон зарур мебошанд. Президенти мамлакат дар ҷараёни ироаи Паём таъкид намуданд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёкорӣ равона созанд”.
Ягона роҳе, ки ҷавонон ва миллатро пеш мебарад, ин дониши хуби онҳост. Яке аз беҳтарин муқаддасоте, ки инсонро ба дунёи рангин ворид мегардонад, ин китоб аст. Китоб, ки сарчашмаи донишу хирад аст, метавонад, ҳама касро ба пешравиҳо ноил гардонад. Дар ҷомеае, ки китобу китобхонӣ набошад, он ҷо мисоли хонаест, ки чароғ надорад. Аслан дар ҳама кишвару давлатҳо ҷавонон нақши асосиро мебозанд, аз ин рӯ ояндаи ҳама кишварҳо ҷавонон ба ҳисоб мераванд.
Ҷавонони кишвар аз ҳар Паёму мулоқотҳои Пешвои миллатамон сабақи судманд гирифта, дар роҳи ба ҳаёт татбиқ кардани он ҳамеша садоқату фидокорӣ зоҳир мекунанд.
Ватани орому осоиштаи хешро аз ҳар хавфу хатари бегона муҳофизат карда тавонанд. Ба ҳар гуна ҳаракату ҳизбҳои ифротгарой шомил нагарданд. Иродаи қавӣ, дониши мустаҳкам ва одобу ахлоқи ҳамида дошта бошанд.

Нурматова М.Р.