ИЗҲОРОТИ Э,ЮСУПОВ ОМУЗГОРИ ДКМТ: ИФРОТГАРОӢ ИИЛАТИ ҶОМЕА АСТ!

Дар сурате ки ҷаҳон ба суръати кайҳонӣ пеш меравад ва муборизаи абарқудратҳо ба хотири тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ шиддат мегирад, хоҳ- нохоҳ он ба инсон ва рушди маънавияш таъсири манфӣ мегузорад. Ин вазъи ногувори сайёра ҳар инсони солимақлро водор месозад, ки ҳақиқатро возеҳу рӯшан дарёбаду дигарон, хосса ҷавононро дуруст раҳнамоӣ бинамояд.

Асри навин бо ҷангу ҷидол, моҷароҳои сиёсиву мазҳабӣ, куштору сӯхтору ғорат ва талафоти ҷонӣ аз ҳамаи асрҳои дигар ба маънии манфиаш тафовут дорад. Дар як муддати кӯтоҳ шумораи қурбониёни ин ҳодисаҳои номатлуб ба миллионҳо нафар расидааст. Илм, техникаву технологияи навтарин, иттилоот, иқтисодиёт, дин ба хотири иҷрои ғаразҳои нопок, харобӣ, зӯроварӣ, бартариҷӯӣ истифода мешаванд.

Дар бархе аз кишварҳои мусулмоннишин одамони бегуноҳ, хосса занону кӯдакон, ҷони азизи худро аз даст додаанд. Шаҳрҳову ёдгориҳои  қадима сӯхтаву хароб гардидаанд. Умед бар он намеравад, ки ин оташи афрӯхтаро дар солҳои наздик хомӯш кардан мумкин аст.

Терроризм ва экстремизм густариш ва ба василаҳои гуногун ба ҳар хона роҳ меёбад. Аз ин рӯст, ки бо таҳлилу баррасии ин ҳодисаҳои нангин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид медоранд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Ба ин хотир, ҷилави зиракии сиёсиро аз даст надиҳем!