ИЗҲОРОТИ УСТОД АБДУСАЛОМОВ М: КАБИРӢ ДУШМАНИ ҒАДДОР!

Мояи умр аст, мардонагиву қавлу амал, агар онро бишканӣ ғаддориву номардӣ! Чунин аст мақоли халқӣ бар носипосону номардону нафспарастони наҳзатӣ, ки имрӯз бар миллати худ душманӣ меварзанд ва ҳамватани худро гумроҳ мегардонанд, то пул ба даст оранд.

Мардум имрӯз аз он шикоят мекунанд, ки бисёр ҳам номардонаву разилона ва бисёр ҳам авбошонаву шайтонсифатона наҳзатиён дар солҳои 90-ум мардуми тоҷикро сарсону саргардон намуданд ва ба рӯзҳои вазнин гирифтор сохтанд. Дигарбора соли 2015 боз хостанд, ки ҳамин рафтори номардии худро такрор созанд ва миллатро дар арсаи байналмилалӣ хору залил гардонанд ва ба ҳамин хотир ба воситаи генеарли гумроҳкардаашон Назарзода юриш бардоштанд ва хушбахтона ноком шуданд. Аммо душманони бадкеши миллат бо сардории раиси ТТЭ ҲНИ террористи Кабирӣ ба кишварҳои аврупоӣ фирор намуданду дар он ҷо чандин созмонҳои ифротиро таъсис доданд, то хиёнаткории худро бар алайҳи миллат идома диҳанд.

Ҳоло Кабирии манфур худро ба ном сиёсатшинос муаррифӣ карда, кӯшиш мекунад, то ҷавононро гумроҳ намояд ва чандест, ки дар сомонаи ифротии худ баромадҳои аблаҳонаву иғвобарангез карда мехоҳад, номи худашро аз ҷинояту амалҳои содиркардаи террористияш пок гардонад. Ҳарчанд маълум аст, ки Кабирии манфур  душмани миллат асту хиёнатҳояш ҳам ошкоро гардидааст ва сирру асрори зархарид буданаш ҳам фош шудааст, аммо ҷонканӣ мекунад, то ба чашми миллат хок пошад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамаи ҷиноятҳояш, робитааш бо созмонҳои террористӣ, пайравияш аз террористони машҳури ҷаҳон назди бармалост ва ҳама хуб медонанд, ки як авбош ва разил асту халос. Лек ба ҳамаи ин чашм пӯшида ба хотири чанд тангаи хоҷаҳои хориҷияш имрӯз барои гумроҳ кардани миллат талош мекунад, матлабҳои бардурӯғро нашр мегардонад, тӯҳматномаҳо эҷод мекунад, то коре кунад, ки ҷавононро гумроҳ гардонад.

Албатта, ин амали Кабирии палид ва авбош хиёнати рӯирост аст ва ҳеҷ кас бар чунин амали нангин ва номардона бовар намекунад. Зеро Кабирии террорист як ғаддор ва ҳанноти дурӯя аст, ки аз барои пул омода аст, то занашро ҳам ғуломи хоҷагонаш созад.

Ҳамчун омӯзгор  ин рафтори номардонаву хоинонаи Кабирии палидро маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонам ва гуфтани ҳастам, ки дар Ватани мо барои хоинон ва душманони ғаддор ҷой нест!