ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: СОМОНАҲОИ ИФРОТИИ НАҲЗАТ, ШАБАКАҲОИ ИҒВОБАРАНГЕЗӢ!

Тарве, ки ба ҳамагон маълум аст, аъзоёни террористи ТТЭ ҲНИ пас аз фирор аз кишвар ва гурехтар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ба кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурданду аз он ҷо бо ёрдами хоҷагони хориҷияшон бар миллат хиёнат мекунанд. Аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо маблағгузории хоҷагони хориҷияшон чандин сомонаҳои ифротиро таъсис додаанд, ки мақсаду маромашон ҳам гумроҳ кардани ҷомеа мебошад.

Сомонаҳои   “паём.нет”         ва   “ислоҳ. нет” аз ин қабил сомонаҳои ифротии наҳзатиён мебошад, ки бо нашри матлабҳои бардурӯғ ва иғвобарангез мехоҳанд ҷомеаро ба гумроҳӣ бурда, фиреб диҳанд. Агар ба мавод ва муҳтавои он дар ин сомона назар биандозед худ пай мебаред, ки дар ҳақиқат ин сомонаҳо сомонаҳои ифротӣ ва иғвобарангезу фитнакоранд. Аслан мешавад мавод ва матлаби бардурӯғу бофтаи ин сомонаҳоро туҳмат ва фитна номид. Зеро он чӣ наҳзатиён менависанд, аз ҳақиқат дур аст.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллат, хоинони наҳзатиро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!