ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ЭКОЛОГИЯ: НЕСТ БОД, ТТЭ ҲНИ!

Аз рӯи маълумотҳои ба даст расида, аъзоёни ТТЭ ҲНИ пас аз фирор намуданашон ба хориҷи кишвар дар Аврупо паноҳ бурдаанду он ҷо бо супориши хоҷагони хориҷияшон бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранд. Наҳзатиёни пастфитрат ва бадкеш ба хотири ноором намудани ҷомеа ва гумроҳ кардани мардум ҳама гуна ҳиллаву найрангро истифода мебаранд, то ҷомеаро аз думболи хеш баранд.

Вале наҳзатиён фаромӯш кардаанд, ки миллат аллакай аз нияту мақсад ва ҳадафи душманонаи онҳо огоҳ асту хуб медонад, ки наҳзатиён барои кадом хоҷаи хориҷияшон кор мекунанд.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманонаи наҳзатиёнро маҳкум намуда, мегӯем, ки нест бод ТТЭ ҲНИ!