ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ УМУМИТЕХНИКӢ: МАРГ БАР ПАЛИДОНИ НАҲЗАТӢ!

Агар бигӯем, ки имрӯз наҳзатиён душманони бадкеши миллати тоҷик ҳастанд хато нахоҳем кард ва барои ин гуфта хонандаи гиромӣ албатта, садҳо далелу мадрак пайдо менамояд, ки ҳамаи ин аз сиёҳкориву зишсиратии наҳзатиён шаҳодат медиҳад.

Мусаллам аст, ки имрӯз наҳзатиёни манфур ва палид дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранду мақсаду маромашон ҳам душманӣ варзидан бар миллати тоҷик мебошад. Мо, аз давраҳои гузашта хуб медонем, ки чӣ тавр наҳзатиён мехостанд бар миллати худ хиёнат кунанд ва чӣ тавр ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дар кишвар ташкил карданд?

Мо, ҳамчунин хуб медонем, ки чӣ хел наҳзатиён бо созмонҳои террористӣ ҳамкорӣ намуда, зиёда аз 160 000 нафар шаҳрванди бегуноҳро дар солҳои 90-уми асри гузашта ба қатл расониданду имрӯз бошад худро ба дуриҳо задаанду номи созмони террористияшонро нав кардаанд, то ҷавононро гумроҳ созанду хиёнаткориву разилияшонро пинҳон доранд. Аммо ин дафъа ба мақсад нахоҳанд расид наҳзатиёни манфур ва палид, зеро дигар миллат дигар чеҳраи аслии ин душманони ҳабис ва касифро шинохтаасту дигар тобу тоқати дурӯғу афсонаҳои тахаюлии наҳзатиёнро надорад.

Мо, устодони кафедра ин рафтори наҳзатиёни касиф ва душманони малъуни миллатро маҳкум намуда, бар наҳзатиён лаънат мехонем!