ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ: ТТЭ ҲНИ-МАРКАЗИ ТЕРРОРИСТОНИ ДАСИСАБОЗ!

Воқеан ҳам имрӯзҳо наҳзатиёни палид ва авбошу манфур ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ҳар гуна матлабҳои бардурӯғ ва ифротиро нашр намуда, мехоҳанд бо ҳамин роҳ ҷомеаро фиреб диҳанд. Ҳоло наҳзатиён ба ҷуз дасисабозиву иғвобарангезӣ дигар коре ҳам надоранд. Аммо тавре, ки медонем кулли аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ҳамарӯза аз хоҷагони хориҷияшон маблағҳои ҳангуфте ба даст оварда бар ивазаш бар миллат хиёнат мекунанд, ки бисёр ҳам амали нобахшиданист.

Мо, устодони кафедра ин рафтори душманона ва хоинонаи наҳзатиёнро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!