ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ: ОРОМ БОШЕД, ҲАМААШ МЕГУЗАРАД!

Чандест, ки дар тамоми ҷаҳон аз вабо ё пандемияи коронавирус ( КОВИД-2019) мардум ранҷ мебаранд ва имрӯзҳо ба хотири эмин мондан аз ин вабо ҳама дар ташвиш ҳастанд. Пеш аз ҳама он нафароне дар ташвишанд, ки воқеан ҳам аз воқеияти ин пандемия огоҳӣ надоранд ва маълумоти дуруст ҳам надоранду бештар ба овозаҳо бовар кардаанд.

Аммо он гунае, ки имрӯз коронавирус воҳима мешавад ин хел нест, тавре, ки дар мусоҳибаи телевизионӣ Ораш Алоӣ роҳбари Пажӯҳишгоҳи тиббӣ иброз дошт, ин беморӣ он қадар, ваҳмангез нест ва ҳатто 85 фисади гирифторшудагон онро мисли зуком сабук аз сар мегузаронанд.

Яъне, ин онро нишон медиҳад, ки мардум беҳуда воҳима мекунанд, зеро тарс ва воҳима зарур нест, фақат эҳтиёт кунед, худро то эмин монед.

Мо, устодони кафедра мардумро гуфтанӣ ҳастем, ки гигиенаи шахсиро риоя намоед ва ҳаргиз ба таҳлука наафтед, зеро ҳамааш ба осонӣ мегузарад.